СиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Дар Маскав дар гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни рӯйдодҳои Хоруғ беш аз сад нафар боздошт шуданд

Рӯзи 24 июл дар Маскав  дар таҷаммӯи бахшида ба ёди қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар Хоруғ беш аз сад нафар боздошт шуданд.

Дар ин бора Pamir Daily News бар асоси суханони яке аз боздоштшудагон хабар медиҳад.

Тавре, ки боздоштшуда ба хабаргузорӣ гуфтааст, тақрибан пас аз як соати оғози шоми ёдбуд, полис ба тарабхонае, ки дар он чорабинӣ баргузор мешуд, ворид шуда, ҳамаи ширкаткунандагонро боздошт кард.

Сабаби боздошт ва ҳоло дар куҷо будани боздоштшудагон  маълум нест.

Ҳар сол дар Маскав бахшида ба рӯйдодҳои Хоруғ шоми ёдбуд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2012, пас аз қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров, ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, амалиёти махсусро барои ором кардани гурӯҳҳои маҳаллӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои Pamir Daily News, аҳолии маҳаллӣ он ҳодисаҳоро кӯшиши “ором кардани мардуми ВМКБ, вафодорӣ ба мақомоти Тоҷикистон” мешуморанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни рӯйдодҳои Хоруғ 44 ҷони худро аз даст доданд, ки 23 нафари онҳо низомиён ва 21 нафар сокинони маҳаллӣ буданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *