СиёсатТоҷикистонҲуқуқи башарҶомеа

Дар Тоҷикистон пешниҳоди боло бурдани синни нафақа пазируфта нашуд

Дар Тоҷикистон пешниҳоди Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақа дар робита ба боло бурдани синни  бознишастагӣ  пазируфта нашуд.

Дар ин бора 28 июл  Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Ба гуфтаи Вазир ба Вазорати меҳнат аз ҷониби Ожонсии суғурта вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”, яъне мутаносибан боло бурдани синни нафақа барои мардҳо то сини 65 ва занҳо то 62-сола ва минбаъд то соли 2029 яксолӣ баланд бардоштани он, ворид гардида буд.

“Ин пешниҳод аз ҷониби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар тобеияти вазорат аст, рад карда шуд”, – афзуд ӯ.

Ширин Амонзода таъкид кард, ки “баланд бурдани синни нафақа барои Тоҷикистон ҳанӯз барвақт аст. Ин аз ҳар ҷиҳат ба масоили демографӣ пайваст аст. Боло бурдани синни нафақа – мушкилии кишварҳоест, ки аз лиҳози демографӣ танқисӣ мекашанд, зоиш нест, маргумир зиёд аст ва дарозумрӣ ҳам дар он кишварҳо тӯлонитар аст. Қабл аз ба тасвиб расидан ё тасмимҳо дар бораи қабули қарор, руҷуъҳои илман асоснокшуда бояд бошад.”

Вазири меҳнат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон дарозмурӣ барои мардон 75 ва барои занон 76 аст ва дар сурати боло бурдани синни нафақа “барои истироҳат ва фаъол нигоҳ доштани ҷисми инсон фурсати кам мемонад.”

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мардон аз 63 ва занон аз 60-солагӣ бознишаста мешаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *