ТоҷикистонҶомеа

Дар Тоҷикистон то ба ҳол беш аз 300 ҳазор нафар воксини зидди бемории КОВИД-19 гирифтаанд

Гирифтани воксини алайҳи бемории КОВИД-19 ба ғайр аз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор ва ҳамчунин ашхосе,  ки ҳангоми ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои ҳамаи   шаҳрвандони синнашон аз 18-сола боло  ҳатмӣ мебошад.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ дар ҳоли ҳозир  беш аз 300 ҳазор нафар  шаҳрвандони Тоҷикистон  алайҳи ин беморӣ  ваксин гирифтанд.

Гуфта мешавад, ки то санаи 6 июл дар ҷумҳурӣ 328 405 нафар бо вояи аввал ва 19 ҳазор нафар бо  вояи дуюми ваксин фаро гирифта шудаанд.

Мутобиқи дастури Ситоди муқовимат бо пешгирии паҳншавии сирояти вируси куруно  дар Тоҷикистон афроди аз 18 – сола боло бояд ҳатман алайҳи вируси COVID – 19 ваксин гиранд. Ашхосе, ки то ҳол ваксин нагирифтаанд, бояд ба наздиктарин муассисаи тиббӣ муроҷиат кунанд ва ройгон воксин бигиранд.

То имрӯз ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca ва 300 ҳазор вояи ваксинаи Coronavac ворид шудааст.

Масъалаи  вуруди воксини сохти Русия “Спутник V” ба Тоҷикистон ҳарчанд маслиҳат шудааст, вале то ба ҳол ворид нагардидааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *