АхборИқтисодСиёсатТоҷикистон

Зодгоҳи раисҷумҳур – Данғара ба маркази вилоят табдил меёбад

Муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода ба вилоят табдил ёфтани Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистонро таъйид кард.

Ӯ 28 июл зимни як  нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангӣ, аз қабили Шифохонаи вилоятии сироятии Данғара, Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Данғара, биноҳои Кумитаҳои вилоятии ҳифзи муҳити зист, замин, маркази беҳдоштиву эпидемиологӣ бунёд мешаванд, ки ба маркази як вилоят хосанд.

 Муовини раиси ноҳияи Данғара таъкид кард, ки  “ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи он чизе гуфта наметавонем”.

Қаблан дар бораи вилоят шудани ноҳияи Данғара дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое ҳам баланд шуда буданд. Ин андешаро агар   бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ карда бошанд, бархи дигар изҳор доштанд, ки беҳтар аст мақоми шаҳри Кӯлоб ба далели доштани собиқаи таърихӣ  мисли пештара ҳамчун маркази вилоят барқарор карда шавад.

Як гурӯҳи дигари корбарон ин иқдоми ҳукуматро интиқод карда, иброз доштанд, ки ба вилоят табдил ёфтани  Данғара маҳз ба зодгоҳи раисҷумҳур будани он рабт дорад.

Дар сурати ба вилоят табдил ёфтан Данғара бо навоҳии собиқ вилояти Кӯлоб, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Нораку Ёвони собиқ вилояти Қурғонтеппа, нерӯгоҳҳои “Норак” – у “Роғун” ва як қатор корхонаҳои нав ба як вилояти муқтадир мубаддал хоҳад ёфт.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *