СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Зоҳид Қурайшӣ- аввалин судяи федералии мусалмон дар Амрико

Зоҳид Қурайшӣ, писари муҳоҷирони покистонӣ, нахустин судяи федералии мусалмон дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шуд.

10 июн Сенат номзадии Қурайшӣ, вакили дифои собиқи федералӣ ва собиқадори Артиши Амрикоро ба вазифаи судяи Суди  округи Ню-Ҷерсӣ тасдиқ кард.

Далели номзадии Қурайшӣ ва ақаллиятҳои дигарро ба ҳайати доварони федералӣ пешниҳод намудани Байден таваҷҷуҳ зоҳир намудани ӯ ба гуногунии қавмӣ ва касбии хизматчиёни давлатии Амрико мебошад. Байден чанде қабл се зани африқоитабори амрикоӣ ва як зани осиёиро ба вазифаи судя пешбарӣ кард.

Маъмурияти Байден ва Харрис зиёда аз 1500 нафар кормандони баландихтисоси гуногунҷабҳаро барои кор дар мақомоти иҷроия, алахусус дар дастгоҳи Президент ва дигар вазифаҳо  ҷалб кардааст. Ҳамин тариқ, Ҳукумати Байден гуногунтарин ҳукумат дар таърихи Амрико мебошад.

Қурайшӣ собиқ айбдоркунандаи давлатӣ ва адвокат дар хизмати шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ мебошад. Ҳамчун муовини Прокурори ИМА, ӯ бо фасод дар ниҳодҳои давлатӣ, қаллобии молиявӣ ва дигар ҷиноятҳо мубориза мебурд. Мувофиқи маълумоти Мактаби ҳуқуқии Ратгерс, ки Қурайшӣ дараҷаи ҳуқуқшиносии худро гирифтааст, ӯ дар артиши ИМА ба ҳайси додситон хидмат кардааст ва ду бор ба Ироқ фиристода шудааст.

Дар кори хусусии худ Қурайшӣ асосан ба адолати судии ҷиноятӣ, тафтишоти корпоративӣ ва мурофиаҳои шаҳрвандӣ машғул буд. Вай инчунин кӯшиш мекард, ки сатҳи гуногунрангии байни кормандони ширкати ҳуқуқии Ню Ҷерсиро, ки дар он ҷо кор мекард, баланд бардорад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *