Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲамкорӣҲуқуқи башарҶаҳон

ИМА аз Тоҷикистон хостори қабули чанд ҳазор гурезагони афғон шуд

Иёлоти Муттаҳида аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон хоҳиш кард, ки  афғонҳоеро, ки ба амрикоиҳо кӯмак кардаанд, дар қаламравашон муваққатан паноҳ диҳанд.

Дар ин бора Sputnik  бо истинод ба хабаргузории  Bloomberg иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки бо ризоияти мақомоти ин кишварҳо ҳудуди нӯҳ ҳазор афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир карда мешаванд.

Маълум аст, ки чунин тасмимро маъмурияти раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден дар робита бо хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон гирифтааст.

Ғайр аз он, Вашингтон имкони баргузории амалиёти иктишофӣ аз қаламравҳои Тоҷикистон ва Узбакистонро баррасӣ мекунад. Дар айни замон, кишварҳо тафсилоти лоиҳаи созишномаи дахлдорро гуфтушунид мекунанд,- таъкид мекунад Bloomberg.

Қаблан New York Times дар бораи қарори ИМА перомуни ҷойгир кардани ҳазорҳо афғон дар қаламрави дигар давлатҳо хабар дода буд. Аз сабаби кӯмаке, ки ба амрикоиҳо  расонидаанд, ин сокинони кишвар метавонанд мавриди интиқом ва  ҳамлаи аъзои ҷунбиши радикалии Толибон қарор гиранд.

Аммо, Вашингтон додани раводиди амрикоиро ба ин афғонҳо кафолат намедиҳад, – илова кардааст рӯзнома.

Қаблан вазъи Афғонистонро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен баррасӣ карда буданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *