ИқтисодТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

ИМА ба Тоҷикистон 1.5 млн вояи воксини Moderna тақдим кард

Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон 1,5 миллион вояи ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 тақдим кард. Ваксинаи тақдимшуда кумаки башардӯстонаи Иёлоти Муттаҳида ба мардуми Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи душанбеи 26 июл ба Душанбе расид. Ин иқдом илова ба кумаки 9 миллион доллараест, ки Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 инҷониб расонид. Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар мубориза бо пандемия шарик мебошанд.

Ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути системаи COVAX интиқол дода мешаванд, ки моҳи марти соли 2021 ба Тоҷикистон 192,000 вояи ваксинаи AstraZeneca ҷудо карда буд, ки он ҳам қисман аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби ҳукумати ИМА пешниҳодшуда амалӣ гардид. COVAX – Хазинаи ҷаҳонии дастрасӣ ба ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Иёлоти Муттаҳида алакай ба COVAX барои таъмини ваксинаҳо ба ҷаҳон 3,5 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки ин ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад бузургтарин сарпарасти мубориза бо вирус дар ҷаҳон гардад.

Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм таъкид кард: “Ин ҳадяи 1,5 миллион вояи ваксинаи Moderna ҳаётро наҷот медиҳад. Ман ва оилаам низ ваксинаи “Модернаро” гирифтем ва ман ҳамаи онҳоеро, ки метавонанд эм карда шаванд, ташвиқ мекунам, то ин корро ба анҷом расонанд. Эмкунӣ на танҳо саломатии шуморо ҳифз мекунад, балки инчунин метавонад ҳаёти атрофиёнро наҷот диҳад. Мо минбаъд низ ба мардуми Тоҷикистон дар мубориза бо вирус кумак хоҳем кард ва якҷоя мо метавонем ин бӯҳронро паси сар кунем! ”

Тавре Президент Байден қайд кард, Иёлоти Муттаҳида ӯҳдадор аст, ки саъйи байналмилалии эмгузарониро таъҷилӣ кунад, тавре ки мо дар дохили кишвари худ нишон додем ва мо ӯҳдадор мешавем, ки ба кишварҳои ҷаҳон 500 миллион вояи ваксина ҷудо кунем. Дастрасии баробар ба ваксинаҳои бехатар ва самарабахш барои боздоштани пандемияи COVID-19, наҷот додани ҳаёт ва барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ муҳим аст.

Манбаъ: Сомонаи Сафорати ИМА дар Душанбе.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *