ВарзишОсиёи МарказӣҶаҳон

Комёбии бемонанди шатранҷбози эронӣ дар Ҷоми ҷаҳон

Муҳаммад Амин Таботабоӣ, шатранҷбози ҷавони эронӣ дар мусобиқаи бонуфузи Ҷоми ҷаҳон ба  марҳалаи чаҳорякниҳоӣ роҳ  пайдо карда дар байни  ҳашт  шатранҷии  беҳтарини сайёра ҷой гирифт. Ӯ дар бозии ҳаштякниҳоӣ ба устоди бузурги варзиш Ҳойк Мортиросиён( Арманистон) пирӯз гардид.

Шоёни зикр аст, ки ин пирӯзии дар таърихи шатранҷи Эрон бемонанд зуд номи шатранҷбози 20 солаи эрониро, ки  барои бисёриҳо ноошно буд,  дар ҷаҳон машҳур кард. То ин вақт дар ду се соли охир дар сатҳи ҷаҳонӣ шатранҷии  17 солаи эронитабор Алиризо Фирӯзҷо, ки тоза шаҳрвандии Фаронсаро соҳиб шудааст, медурахшид ва бисёриҳо ҳамчунин  ӯро довталаби асосӣ дар мусобиқаи ояндаи қаҳрамонии ҷаҳон медонистанд.  Вале ғайриинтизор ӯ дар марҳилаи аввали мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон чун шатранҷбозони дигари номии  ҷаҳон Фабиано Каруано ва Аниш Гирӣ   шикаст хӯрд ва  аз ин мусобиқа берун афтод. Аммо дере нагузашта рӯшан гардид, ки  мактаби шатранҷи Эрон басо неруманд аст ва боз шатранҷие монанд ба Фирӯзҷоро дорад, ки ин Муҳаммад    Амин Таботабоӣ аст. Ӯ дар 17 солагӣ унвони устоди бузурги варзишро ба даст овард  ва он замон дар раддаи 7 беҳтарин шатранҷии  ҷавони ҷаҳон  ҷой гирифт. Акнун ҳоло пас аз гузашти се сол ӯ ҳоло  дар ҷамъи 8 шатраҷбози бартари ҷаҳон ҷой гирифт. Вале мо  умед дорем, ки ин шатранҷии ҳамзабону ҳамтабору ҳамтаърихи мо боз сафҳаҳои тозаеро дар таърихи шатранҷи кишвари Эрон боз карда,  ба мусобиқаи  довталабони унвони қаҳрамонии ҷаҳон роҳ пайдо мекунад. Барои ин як ду гоми устувор бояд гузошт ва дар навбати аввал ба шатранҷии Русия Влодимир Федосеев дар мусобиқаи чаҳорякниҳоӣ  пирӯз гардид.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Ҷоми ҷаҳон яке аз бонуфузтарин мусобиқаи шатранҷ дар ҷаҳон ба шумор меравад ва ду шатранҷбозе, ки ба марҳалаи ниҳоӣ мерасанд, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи довталабони унвони қаҳрамонии ҷаҳон мегарданд. Ҳамчунин барои ин мусобиқа баландтарин ҷоиза ҳам муайян  гардидааст, ки он ин бор   1 892 500 доллар аст. ва барандаи Ҷоми ҷаҳон соҳиби 110 ҳазор доллар мегардад.

Дар мусобиқаи имсола ғайриинтизори ҳамагон . қаҳрамони ҷаҳон Магнус  Карлсени норвежӣ ҳам ширкат дорад ва ҳузури ӯ ин мусобиқаро боз ҳам бонуфузтар кардааст. Қаҳрамони ҷаҳон ҳам чун Муҳаммадамин Таботабоӣ ба чаҳорякниҳоӣ баромадаст ва ин бор бо шатранҷии Фаронса Этйен Бакро дар сари тахтаи шатранҷ зӯр меозмояд. Ҷуфтҳои дигар дар рақобати ҷаҳорякниҳоӣ Ян Криштоф Дуда(Лаҳистон) –Видит Сантош Гуҷаратӣ( Ҳинд)  ва Сергей Карякин( Русия) –Сэмюэл Шенкленд (ИМА) ҳастанд.

Мо аз Яздони пок мехоҳем, ки ба ситораи нав дар осмони шатранҷи Эрон ва ҷаҳон Муҳаммад Амин Таботабоӣ дар набардҳои минбаъда, ба вижа дар мусобиқаи чаҳорякниҳоӣ пирӯзиро насиб гардонад. Омин!

Аз саҳифаи Насибҷон Амонӣ.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *