Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Марзбони 27-солаи қирғиз дар тирандозии марзӣ кушта шуд

Дар натиҷаи тирпарронӣ дар марз  марзбони 27-солаи  қирғизистонӣ Ҳуснидин Хозиев кушта шуд.

Дар ин бора Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон  ба хабаргузории 24.kg иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти пешакӣ аз ҷониби Тоҷикистон кушташудагон ва захмиён низ ҳастанд. Сардори шуъбаи Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон дар минтақаи Ботканд ва роҳбарони мақомоти амният дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Намояндагони марзбонии ду кишвар таҳқиқи ин далелро идома медиҳанд.

Як рӯз пеш, тахминан соати 17 дар марз  сарҳадибонони Қирғизистон ва Тоҷикистон тирпарронӣ ба амал омад.

Тибқи иттилоъи ХМ КДАМ ҶҚ  нерӯҳои марзбонии савора ба таври ногаҳонӣ аз ҷониби марзбонони тоҷик мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Миёни марзбонон  тирпарронӣ ба амал омад.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушташудагон ва захмиён миёни сарҳадбонони тоҷик маълумот надодаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта ҳодисаро ба таври дигар шарҳ дод:    “Соати 14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.

Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *