СиёсатҶаҳон

Мулоқоти намояндагони Толибон бо Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И

Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон рӯзи чаҳоршанбе  эълом карданд, ки  дар шаҳри Тянҷин, дар шимоли Чин  бо мақомоти ин кишвар мулоқот карда, “масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятро пас аз хурӯҷи нирӯҳои низомии ИМА” баррасӣ карданд.

Ҳайати музокиракунандагонро аз ҷониби Толибон муовини раҳбари ҳаракат Мулло Бародар Охунд ва аз ҷониби Чин Вазири умури хориҷӣ Ван И, муовини Вазири умури хориҷӣ ва фиристодаи вижаи Чин дар Афғонистон намояндагӣ карданд.

Ба гуфтаи онҳо “Чин ваъда додааст, ки ҳамкориашро бо мардуми афғон густариш дода, ба умури Афғонистон дахолат накунад ва ба ҳалли мушкилот ва таҳкими сулҳ кумак расонад”.

Расонаҳои чинӣ дар бораи тафсилоти ин мулоқот бештар навиштанд. Тибқи маълумоти расонаҳои чинӣ Толибон  аз Чин  даъват карданд, ки пешниҳоди аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардани Толибонро дар Шӯрои Амнияти СММ тарғиб кунад. Қаблан Толибон зимни мулоқот аз  Русия ҳам ин дархостро карда буданд.

Мулоқоти Чин ва Толибон дар ҳолест, ки нооромӣ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ авҷ мегирад. Иёлоти Муттаҳида ният дорад, кишвареро то моҳи сентябр тарк кунанд, ки тибқи маълумоти СММ, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 панҷ ҳазор нафар шаҳрвандон кушта ва захмӣ шудаанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *