СиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶомеа

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин

Раиси Думаи давлатии Федератсиюни Русия Вячеслав Володин 1 июл дар Душанбе бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.

Дар ин бора Дар сомонаи  Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Русия хабар дода мешавад.

“Раиси Думаи давлатӣ ба Президенти Тоҷикистон суханони гарми табрикотии президенти Русия Владимир Путинро расонд. Вячеслав Володин ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи Володин, парлумонҳои ду кишвар барои дастгирии қонунгузории қарорҳое, ки дар сатҳи сарони давлатҳо қабул шудаанд, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд.

Раҳмон ва Володин нақши СПАД ва Ассамблеяи Парлумонии онро  дар ҳалли масъалаҳои амнияти кишварҳои шарик, инчунин мушкилоти марбут ба ташаккули рӯйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ дар доираи блоки ҳарбӣ муҳокима карданд.

Володин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад. Рӯзи панҷшанбе вай ҷаласаи Шӯрои ПА СААД баргузор мекунад ва инчунин бо раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси палатаи поёнии Парлумони Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *