АхборТоҷикистонҶомеа

Муроҷиати Ситод ба мардум: воксин гиреду ниқоб пӯшед ва қоидаҳои беҳдоштро риоя кунед!

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, ки “қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд”.

Ситод ба шаҳрвандони аз хориҷа баргашта тавсия додааст, ки “ҳатман аз ташхиси бемории сироятии вируси куруно гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбӣ ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд”.

 Тибқи қарори Ситод гирифтани воксини зидди бемории сироятии КОВИД-19 барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад,   “нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Воксин ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад”.

Ситод  вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии вируси куруно  аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки “ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тую хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустии Тоҷикистон пасманзари хабарҳо дар бораи ҳолатҳои сироят  ба ин беморӣ дар минтақаҳои кишвар  21 июн аз сабти ҳолатҳои нави беморӣ хабар дод.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 13548 нафар гирифторони бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  92 нафар ҷони худро бохтаанд. Вале коршиносон ва фаъъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин омор бо шубҳа менигаранд ва бар он назаранд, ки мақомот омори воқеии гирифторон ва ҷонбохтагони бемории КОВИД-19- ро аз мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон медоранд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *