Илм ва фарҳангСиёсатТоҷикистон

Муруре ба таърихи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҳёи ҳувияти миллии тоҷикон дар замони “бозсозӣ” аз эҳёи забони миллӣ оғоз ёфт.  22 июли соли 1989 бо ҷаҳду талоши нухбагони миллат,  адибон, олимон, ҳунармандон,  омӯзгорон ва равшанфикрон  ” Қонуни ҶШС Тоҷикистон “ Дар бораи забони давлатии ҶШС Тоҷикистон”  қабул гардид ва забони давлатии кишвар расман “ забони тоҷикӣ  (форсӣ)” унвон гирифт. Дар ин қонун дар баробари фароҳам овардани шароити густурда  барои рушду нумӯи забон ҳамчунин гуфта мешуд, ки Тоҷикистон то соли 1994 ба расмулхати ниёкон бармегардад.

Пас аз Истиқлол ва дар кишвар ҷорӣ гардидани низоми президентӣ, дақиқтараш замони тасвиби Қонуни асосӣ- Конститутсияи нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон вожаи “форсӣ”  аз номи расмии забон гирифта шуд ва банди марбут ба гузар ба расмулхатти ниёкон аз Қонуни забон ҳазф гардид.

Соли 2009 ба Қонуни забон тағйироту иловаҳо ворид гардид ва 5 октябри ҳамон сол  тарҳи ҷадиди қонун дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки дар он пешниҳодҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷумла  дар бораи илова кардани вожаи “форсӣ” ба унвони забон ва масъалаи  бозгашт ба алифбои ниёкон сарфи назар карда шуд.       Илова бар ин,  Рӯзи забон аз таърихи 22 июн ба санаи 5 октябр –  ба рӯзи ба тасвиб расидани тарҳи ҷадиди Қонуни забон  интиқол дода шуд. Ин иқдом ҳамчунин бо он далел асоснок карда мешуд, ки 22- июл аз сабаби гармии ҳаво ва дар рухсатӣ будани мардум барои таҷлили Рӯзи забон мусоид нест.

Аз номи расмии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ҳазф кардани вожаи “форсӣ” ва банди марбут ба баргашт ба расмулхатти ниёконро  равшанфикрон бо хомӯшӣ қабул карданд. Танҳо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ баъдтар да китоби “Хуросон аст ин ҷо” ин амали намояндагони Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “иштибоҳи таърихӣ”  номид. Ҳангоми баррасии тарҳи нави Қонуни забон дар соли 2009 академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ин масъалаҳоро хост аз нав ба миён гузорад, вале садои ӯ шунида нашуд. Дар Маҷлиси намояндагон бошад, ҳангоми баррасии тарҳи ҷадиди Қонуни забон  Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ пофишорӣ кард, то дубора вожаи “форсӣ”-ро ба унвони номи расмии забон илова кунад, вале ба ин муяссар нашуд.

Масъалаи интиқоли Рӯзи забон аз санаи 22 июл ба 5 октябр, ки иттифоқан рӯзи таваллуди Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам  ҳаст,  аз ҷониби равшанфикрони ҷомеа ба таври расмӣ вокунише ба бор наоварда бошад ҳам, вале бархе аз нашрияҳои озоди кишвар онро беэҳтиромӣ нисбат ба забон  ва  баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо маҳкум кардани  ин иқдом онро ҳамчун “чоплусӣ” ва “хушомад ба боло” арзёбӣ карданд. Иддае аз олимони забоншинос, ба мисли сарвари вақти  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Назарзода ва  узви Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, олими забоншинос Д. Саймуддинов ки аз ташаббускорони ин иқдом буданд, расман ин корро дуруст ҳисобиданд ва аз он  пуштибонӣ карданд.

Масъалаи унвони забон, яъне “форсӣ” ё “тоҷикӣ”  ном доштани забони давлатии кишвар чи дар замони шӯравӣ ва чи дар давоми беш аз сӣ соли пас қабули Қонуни забон аз масъалаҳои доғи ҷомеа боқӣ мемонад. Аксари адибону олимон ҳарчанд ҷонибдори “форсӣ” будани номи забон ҳастанд, вале аз сабаби решаҳои сиёсӣ доштани ин масъала ба он рӯйрост дахолат намекунанд. Дар баробари ин миёни адибону донишмандон ва рӯзноманигорон  гурӯҳҳое ҳастанд, ки бар ин масъала нигоҳҳои ба ҳам мухталиф  доранд ва чанд сол аст, ки дар фазои маҷозӣ ва ВАО баҳсҳои тезутундеро идома медиҳанд.  Тарафдорони “тоҷикӣ” унвон доштани забон, ки аксаран дар дохили Тоҷикистон кору фаъолият доранд, мухолифини худро,  бо “панэронист” ва “зархаридони ба бегонагон фурӯхташуда”  будан  ва мухолифинашон, ки берун аз Тоҷикистон иқомат доранд, тарафи муқобилро  бо “форсиситезӣ”, “ ва “чоплусон ва мубаллиғони ҳукумат”  айбдор мекунанд. Яке аз тарафдорони сарсупурдаи “форсӣ” ном доштан, бозгашт ба расмулхатти ниёкон  ва ягона будани забон, таърих ва мероси фарҳангии мардумони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон муассиси гурӯҳи фейсбукии “Забони форсӣ”, рӯзноманигор Дориюни Раҷабиён аст, ки ҳамвора барои наздик кардани пайвандҳои фарҳангиву илмии мардумони форсизабон талош меварзад. Дар тарафи муқобил, рӯзноманигор ва донишманд Саъдӣ Маҳдӣ ва корбарони гурӯҳи фейсбукии “Ормонҳои миллӣ” қарор доранд, ки муътақиданд забони мо  “тоҷикӣ” ном дошта, як забони мустақил аст ва мо эронинажод набуда, тоҷик ҳастем.  Соли 2019 дар партави суханронии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон миёни корбарони ин ду гурӯҳи фейсбукӣ баҳсҳои тезутунд сурат гирифт, ки аз сабаби адами таҳаммулнопазирӣ дар гуфтугузорҳо баҳсҳо  баъзан то ба таҳқири ҳамдигар расид.

Худи ҳамон сол донишманди забоншиноси тоҷик Умеди Ҷайҳонӣ ва рӯзноманигор ва забоншиност тоҷик Исфандиёри Одина дар вокуниш ба сузанронии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон, ки гуфт, “забони мо дар солҳои 20-ум «забони тоҷикӣ» ном гирифт”, изҳор доштанд, ки ин суханони раисҷумҳурро метавон он гуна таъбир кард, ки пеш аз он забони мо “форсӣ” ном доштааст.

Масъалаи сарнавишти Қонуни забон ва масоили марбут ба он аз мадди назари нерӯҳои мухолифин низ берун намондааст ва  ба яке аз воситаҳои интиқод аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст.  Солҳои 2019 ва  2020 раҳбари Ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар  дар суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи забон сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро дар робита бо забони давлатӣ зери интиқоди шадид қарор дода, интиқоли санаи ин ҷашнро аз 22 июл ба 5-октябр, яъне рӯзи таваллули Президент  “инҳирофи таърих” ва “чоплусии мансабдорон ва атрофиёни Раҳмонов” арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки “рӯзе ҳақиқати таърих барқарор мешавад ва мардум 22 июлро ҳамчун Рӯзи забон ҷашн хоҳанд гирифт”. Раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ  Муҳиддин Кабирӣ ҳам дар суханрониҳои ахири худ интиқоли санаи таҷлили Рӯзи забон ва ҳазфи вожаи “форсӣ”- ро аз номи забон маҳкум кард.

Бояд зикр кард, ки бар асоси мушоҳидаҳо  дар шабакаҳои иҷтимоӣ  сафи тарафдорони “форсӣ” номида шудани унвони забон, барқарор кардани санаи таърихии Рӯзи забон аз 5 октябр ба 22 июн ва баргашт ба расмулхатти ниёгон сол то сол  дар ҳоли афзоиш аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи забон аз соли 2009 инҷониб мутобиқи тарҳи нави Қонуни забон 5 октябр ҷанш гирифта мешавад. Рӯзи таваллуди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам 5 октябр аст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *