ИқтисодСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Озода Раҳмон дастур дод, ки арзиши парвозҳо ба Русия танзим шаванд

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон дастур дод, ки гароншавии нархи чиптаҳо ба самти Русия пешгирӣ карда шавад.

“Тибқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва протоколи ҷаласаи якҷояи роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар хатсайрҳои самти Русия, арзиши як чипта арзиши як чипта дар ҳар ду самт 500 доллари амрикоӣ баробар ба 5800 сомонӣ муқаррар шудааст”, – гузориш дод телевизиони давлатии “Тоҷикистон”.

Таъкид шудааст, ки бо истифода аз мушкилоти пешомада ашхоси манфиатхоҳ  чиптаҳоро гарон мефурӯшанд, ки ин корашон ба паст гардидани эътимоди мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ боис мегардад.

Ин дастури Озода Раҳмон дар ҳоле содир шуд,  ки корафтодагон шикоят мекунанд  танҳо чиптаи парвоз барои як самт – аз Душанбе ба самти Русияро ба маротиб аз меъёри муқарраргардида қиматтар харидаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ин мав аз боздошти фурӯшандаи нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва масъули Раёсати сарҳадоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар фурудгоҳи Душанбе хабар дод, ки аз мусофирон барои як чипта аз 9500 то 12 500 сомонӣ гирифтаанд. Таъкид шудааст, ки муттаҳамон аз 43 муҳоҷир беш аз 433 ҳазор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додаанд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки агар дучори қаллобию гаронфурӯшии чиптаҳо шудаанд, ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.

Манбаъ: Sputnik

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *