ТоҷикистонҶомеа

Писари шоир Гулназар ва духтари профессор Камолиддинов аз бемории КОВИД-19 даргузаштанд

Писари муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, шоир Гулназар Келдӣ – Дилшод Келдиев  бар асари сироят бар бемории КОВИД-19  даргузашт.

Дар ин бора Дилором Раҷабиён- хоҳари Дилшод дар саҳифааш дар Фейсбук хабар додааст.

Дилором бо сӯзу гудоз навиштааст, ки “ имрӯз боз як азизамро аз даст додам. Бародарам Дилшод аз куруно даргузаштанд. Мардона ҷангид, то дами охир ҳарф зад, аммо аз дасти аҷал фироре нест”…

Марги Дилшод дар ҳолест, ки падараш, Шоири халқии Тоҷикистон  Гулназар Келдӣ  моҳи августи соли 2020 бар асари бемории вируси куруно аз олам даргузашт.

Писари забоншиноси шинохтаи тоҷик Баҳриддин Камолиддинов- Фаридун Камолиддинов дар саҳифаи фуйсбукияш бо дарду алам аз марги хоҳараш Нигина хабар додааст. Ӯ навиштааст, ки : “ҳанӯз даргузашти падару хоҳарам Гулнораро таҳаммул накарда будам, ки хоҳари азизам Нигина дунёро тарк гуфт. Баъд аз муолиҷаамон,  умедвор будам, ки ин бемории ташна ба ҷон хонаводаи моро ба ҳоли худ гузоштааст, … аммо дар давоми панҷ рӯз нигини зеботарин, гавҳари ноёб, ганҷи бебаҳоямро ба осонӣ рабуд. Нигина инсони зарифу фозил, ҳалиму меҳрубон, нексиришту хушрафтор буд. Аз падарам хушзабонию хушгуфториро ба мерос гирифта буд”.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта профессор Баҳриддин Камолиддинов ва духтарашон Гулнора бар асари гирифторӣ бар бемории КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд.

Бемории ҳамагири вируси куруно аз баъзе хонаводаҳо ду ё се нафарро ба коми марг мебарад. Чанде пеш Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур бар асари ин беморӣ ҳамсараш Роҳат ва писараш Фарзонро аз даст дод.

Марги писари шоир Гулназар ва духтари профессор Камолиддинов дар  ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, тайи ду шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати фавт аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи гузориши Вазорат, аз аввали шуюъи беморӣ то 17 июл дар кишвар 14 ҳазору 78 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13 ҳазору 685 нафар ё худ 97,2% шифо ёфтаанд. Тибқи омори расмӣ то ба имрӯз 110 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Вале ба андешаи коршиносони соҳа ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шумораи воқеии  гирифторон ва ҷонбохтагони беморӣ аз омори расмии кишвар чанд маротиб  зиёдтар аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *