СиёсатТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Сафорати ИМА барои таъмири посгоҳи марзӣ 570,000 доллар ҷудо кард

Душанбе, Тоҷикистон, 30 июли соли 2021 – Кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб дар маросими супоридани посгоҳи марзӣ барои нерӯҳои марзбонии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд. Ин посгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570,000 доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад. Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон, мебошад. Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари Ҳамкориҳои Ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар кумак расонидааст, аз ҷумла барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

Манбаъ:  Сафорати ИМА дар Душанбе

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *