ТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон

29 июли 2021 вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори миллии Ҷумҳурии Лаҳистон Богдан Свенчковский баргузор гардид.

Зимни мулоқоти роҳбарони ду додситонӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва рӯҳияи созанда ҷараён дошт, ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои байниидоравиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Юсуф Раҳмон ба ислоҳоти маъмуриву идоравии Прокуратураи миллии Лаҳистон баҳои баланд дода, ҳамзамон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”-ро ба ҳамтои худ муаррифӣ намуд. Ӯ дар самти муқовимат бар зидди чолишу падидаҳои номатлуби замони муосир, инчунин  фаъолиятҳои тахрибкорона ва дигар паҳлӯҳои амнияти иттилоотӣ  хостори мубодилаи таҷриба ва робитаҳои наздиктари ду кишвар  гардид.

Манбаъ: Сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

https://mfa.tj/tg/main/view/8381/tavseai-hamkorihoi-huquqi-mijoni-tojikistonu-lahiston

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *