Илм ва маорифТоҷикистон

Таъсиси «Ҷоизаи Аббос Алиев» аз ҷониби маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”- и Вазорати маориф ва илми ҶТ

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷаллаи  «Маърифати омӯзгор» бо мақсади рушди соҳаҳои маориф, илм, адабиёт ва матбуот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  барои пажӯҳишҳои таълимию методӣ, инчунин асарҳои илмиву публитсистӣ ва адабие, ки баҳри баланд бардоштани савияи худогоҳиву хештаншиносии насли наврас таъсиргузоранд, ҳамзамон ба хотири гиромидошти аввалин нозири маорифи Тоҷикистон ва профессори тоҷик, яке аз таъсисдиҳандагони матбуоти миллӣ Аббос Алиев  «Ҷоизаи Аббос Алиев»-ро таъсис дод.

Озмун барои дарёфти «Ҷоизаи Аббос Алиев» дар ду сол як маротиба баргузор гардида, дар он тамоми хоҳишмандон – олимон, адибон, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва шахсони машғул ба дигар касбу соҳаҳо новобаста ба синну сол, маълумот ва дараҷаи илмӣ иштирок карда метавонанд.

Бояд гуфт, ки маводи ба озмун пешниҳодшаванда дар шакли рисола, китоб ва ё силсилаи мақолаҳо бояд тайи ду соли охир нашр гардида, дар 5 нусха ба идораи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»  пешниҳод карда шаванд.

Мақсад ва ғояи таълифоти ба озмун пешниҳодшаванда бояд инъикоси ҳуҷҷативу воқеии муассисаҳои таълимиву илмии кишвар дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон, нақши созандаи соҳаи маориф дар ташаккули миллат, забони тоҷикӣ ва давлати Тоҷикистон, мактаби миллӣ: дастовард, мушкилот ва дурнамо, таҷрибаи ибратбахши омӯзгорон, раванди татбиқи амалии ислоҳоти маориф ва иҷрои талаботи асноди ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа дар маҳалҳо, шахсият ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа бошад.

Инчунин, осори илмӣ, адабӣ, тарҷумавӣ ва публитсистие, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани савияи худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад, ба озмун роҳ дода мешаванд. Афзалият ба нигоштаҳое дода мешавад, ки дар онҳо баробари масъалагузорӣ роҳҳои беҳтару самарабахши ҳалли мушкилоти соҳаҳои маориф ва илм, инчунин  ба мардум фаҳмонидани онҳо пешниҳод карда мешаванд.

«Ҷоизаи Аббос Алиев» дорои шаҳодатнома, нишон ва маблағи пулӣ (3 ҳазор сомонӣ) буда, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Манбаъ: саҳифаи шахсии фейсбукии Эҳсони Хушбахт

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *