Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Тақрибан тамоми марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорати Толибон гузашт

Гурӯҳи махсуси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро  мавриди  арзёбӣ қарор медиҳад.

Сардори Ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров дар мусоҳиба бо RT гуфт, ки гурӯҳи радикалии дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯи Толибон тақрибан 100% марзи Тоҷикистону Афғонистонро зери назорат гирифтанд.

“Як моҳ қабл намояндагони Толибон ба тасарруфи қисматҳои марзи давлатии Афғонистон шурӯъ карда, то аввали моҳи июл  аллакай 700 километрро зери назорати худ гирифтанд. Пас аз омӯхтани вазъи марзӣ  гурӯҳи фаврӣ ба чунин хулоса расид, ки тамоми 1344 км марзи давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон  аллакай таҳти назорати ин гурӯҳ гузашт” – гуфт сардори Ситоди СПАД.

Намояндагони СПАД ба омодагии низомиёни Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба чунин натиҷа расиданд, ки дар айни pfvjy   барои ҳифзи марз ҷалб намудани нерӯҳои дастаҷамъӣ зарурат надорад.

Дар айни замон, дар ҳолати зарурӣ, бо қарори сарони давлатҳои Шӯрои Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ  барои расонидани кӯмак ба Тоҷикистон  аз тамоми имкониятҳои ин созмон  истифода мешавад.

Манбаъ: Sputnik

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *