Осиёи МарказӣСиёсат

Толибон истеъфои Ашраф Ғаниро ҳамчун шарти оташбас талаб карданд

Созмони радикалии дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон барои оташбас ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон ва ташкили ҳукумати нав дар ин кишвар   истеъфои Президент Ашраф Ғаниро талаб карданд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон   дар Қатар ба ожонсии Ассошиэйтед Пресс  гуфт, ки Толибон “ба инҳисори қудрат бовар намекунанд”, зеро “ҳукуматҳои қаблии Афғонистон дар ин кор ҳама “номуваффақ” буданд. Мо намехоҳем ин корро такрор кунем”.

Ӯ ҳамзамон  афзуд, ки музокирот бо ҷониби ҳукумат оғози хуб аст. Дар ҳамин ҳол, талабҳои такрории мақомоти Афғонистон дар бораи оташбас баробар ба “таслим шудани” Толибон аст.

Ба гуфтаи ӯ, қабл аз оташбас дар кишвар, бояд дар бораи ҳукумати нави “барои мо  ва афғонҳои дигар қобили қабул” созиш ҳосил шавад. Он гоҳ  дигар ҷанг нахоҳад шуд”. Шоҳин гуфт, ҳукумати нав ба занон иҷозат медиҳад, ки кор кунанд, дар сиёсат ширкат варзанд ва дар мактаб таҳсил кунанд, аммо онҳо бояд ҳиҷоб пӯшанд. Дар манотиқи аз ҷониби Толибон ишғолшуда ҷангиён бояд фаъолияти донишгоҳҳо, мактабҳо ва бозорҳоро мисли пешина таъмин кунанд”.

“Ҳеҷ кас, комилан ҳеҷ кас, аз ҷумла ман, ҷанги шаҳрвандиро намехоҳад” гуфт намояндаи дафтари сиёсии ҷунбиши радикалӣ. Вай қайд кард, ки Толибон  нақшаи ҳамлаи низомӣ алайҳи Кобулро надоранд ва ҳаракат аз гирифтани марказҳои вилоятҳои Афғонистон “худдорӣ мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон , ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум мекунанд, муқовимат ба амал меояд. 12 сентябри соли 2020 музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон  дар пойтахти Қатар оғоз ёфт. Маъмурияти ИМА аз 1 май то 11 сентябр ваъда дод, ки хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистонро дар ҳамоҳангӣ бо ҳампаймонҳояш ба анҷом расонад. Соли 2020 Вашингтон ва намояндагони Толибон дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *