ИқтисодТоҷикистонҲуқуқи башар

То охири соли равон бояд 62,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон воксин гиранд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон намуд, ки то охири соли равон бояд ҳудуди  5,8 миллион шаҳрвандони кишвар бо маъракаи воксиназанӣ фаро гирифта шаванд.

Дар ин бора  муовини аввали Вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 26 июл зимни  як  нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ “қарор аст то охири сол 5,8 миллион нафар бо маъракаи воксингирӣ фаро гирифта шаванд, ки 62,5 дарсад  аҳолии кишварро ташкил медиҳад”.

Ҷонишини Вазири тандурустии Тоҷикистон таъкид кард,ки ин кор аз  пизишкон оғоз шуд ва то ба имрӯз ҳудуди 111 ҳазор корманди соҳаи тибб воксин гирифтанд.

Тибқи омори расмӣ то рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон 447,1 ҳазор нафар бо вояи якум ва 22.2 ҳазор нафар  бо вояи дуюм воксин гирифтанд.

То ба имрӯз аҳолии кишвар ду навъ воксин: AstraZeneca ва CoronaVac таъмин карда шудаанд.

Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон расман аз 21 июн эълон гардид ва тибқи омори расмӣ аз аввали шуюъи беморӣ то ба имрӯз  14 359 ҳолати гирифторӣ бо ин беморӣ сабт шудааст ва аз ин миён 13 902 нафар шифо ёфта 116 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *