Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

УМЕДИ ҶАЙҲОНӢ: Агар «Толибон» Афғонистонро бигирад, чи мешавад?

Умеди Ҷайҳонӣ, пажӯҳишгари тоҷик

(Нуқтаи назар)

Ояндаро Худо медонаду бас, вале агар бепарда гумоназанӣ кунем, метавон чунин ояндаеро тасаввур кард:

Толибон пас аз фармонраво шудан бар Афғонистон мухолифонашро ҷисман аз миён мебарад, ки комилан пешбинишаванда аст. Сипас бо ҳаросафканӣ мардумро водор ба риояти қонунҳои исломии худ мекунад, ки ин корро дар солҳои 1990-ум ҳам карда буд. Ҳамзамон бо ин тоҷикҳоро бо паштунҳо дар шаҳрҳо ҷойгузин мекунад, ки ҳамакнун ҳам даст ба ин кор задааст. Узбаку туркману ҳазора ҳам аз ин ҷойгузинӣ дар амон нахоҳанд буд. Бо ин кор Толибон бофтори қавмии Афғонистонро ба суди паштунҳо тағйир хоҳад дод. Раванди саркӯбу фармонбардор кардани нопаштунҳо то 5 сол замон мебарад. Тоҷикҳо зудтар аз турктаборҳо фармонбардор хоҳанд шуд. Ҳамзамон Толибон ҳам бо даст ёфтан ба шаҳрҳо ва сармояву пулу дигар хостаҳо аз тундравии худ мекоҳад ва ҳукумате ба зоҳир тундраву дар ботин муъомилагар чун ҳукумати охундии Эрон ташкил медиҳад. Пас аз 10 сол Афғонистон кишвари яксара паштунӣ ва ором мешавад, агар Худо бихоҳад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *