ТоҷикистонФасодҲуқуқи башар

Феҳристи ниҳодҳои фасодзада дар Тоҷикистон

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯйхати ниҳодҳои фасодзадаи  кишварро эълон кард.

Дар ин феҳрист мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, низоми бонкӣ ва маориф дар  сегонаи  аввал ҷой гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ тақрибан 113 ҷиноят, аз ҷониби кормандони низоми бонкӣ 93 далели ҷиноятҳои иқтисодӣ ва аз ҷониби кормандони соҳаи маориф 79 далел ошкор карда шуданд.

Тибқи иттилои Агенти дар Кумитаи идораи замин ва геодезӣ 78 ва дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 49 ҳолати ҷиноятҳои ошкоршуда ба қайд гирифта шуданд.

Омадааст, ки теъдоди ҷиноёти ошкоршуда дар системаи корҳои дохилӣ 44, мудофиа 22, фарҳанг 17, меҳнат 15, нақлиёт 10, ҳокимияти судӣ 12, “Барқи тоҷик” – 55 ададро ташкил доданд.

Аз ҷумлаи  1211 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта ва ҷиноятҳои ба онҳо алоқаманд дар давоми шаш моҳи соли равон 470 адад ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад.

Ҳамчунин дар давоми ним соли равон 171 ҷинояти азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 122 ҷиноят вобаста ба тассаруфи пулу мол ба тариқи қарз, 41 ҷинояти гирифтану додани пора, 4 ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо, 119 ҷинояти сохтакории хизматӣ ва 208 ҷиноят бо хариду фурӯши ғайриқонунии замин, 21 ҷиноят вобаста ба воридоту ба муомилот баровардани молу маҳсулоти пастсифати ғизоиву доруворӣ, 8 ҷиноят оид ба терроризму ифротгароӣ, 3 ҷиноят марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ду ҷиноят вобаста ба нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ ошкор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2020 мисли солҳои қаблӣ аз 100 имтиёзи мумкин 25 имтиёз ба даст оварда, дар рутбабандии солонаи фасоди Созмони байнулмилалии ҳуқуқи башари шаффофият дар мақоми 149 ҷой гирифт.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *