Илм ва маорифСиёсатТоҷикистонҶомеа

Хуршеди АТОВУЛЛО: “Фирори мағзҳо аз Тоҷикистон”

Хуршеди АТОВУЛЛО, рӯзноманигор

… Ки гар гурезам, куҷо гурезам? Ва гар бимонам, куҷо бимонам? (Нодирпур)

“Фирори мағзҳо” аз Тоҷикистон ба хориҷа бештар шудааст. Зиёиёне, ки дигар наметавонанд бо маоши ночиз аробаи зиндагиро кашанд, ба хотири рӯзи беҳтари фарзандон рӯй ба ғурбат меоранд. Дар оғози ин раванд агар як кас – ним касро медидем, ки азми Русияву Аврупо ё Амрико мекард, ҳоло садҳо нафар бидуни ягон баҳс кӯч мебанданд. “Фирори мағзҳо” ба як мушкили муштарак ва ҳатто миллӣ табдил меёбад, зеро сухан дар бораи фирори воқеии садҳо мағзи тоҷикӣ меравад, ки дар ватан нозарур шуда, умед аз кишварҳои дигар доранд.

Барои мисол, агар то ду-се соли охир се то панҷ журналисти тоҷик дар хориҷи кишвар мезист, ҳоло ин рақам наздик ба сад аст ва фирори ақлҳо рӯз ба рӯз ба як ҳодисаи муқаррарӣ бадал мешавад.

Сабаби нокомии «мағзҳо» дар Тоҷикистон зиёд буда метавонад. Сар аз он ки «географияи таваллуд» -ашон барои мансабгирию «нувола» пайдо кардан мувофиқ нест, то ба он ки қалби ҳассос ва ғурури инсониаш нагузошт, то зери дасти кадом як раҳбари бесаводе, ки ба ғайри номи ноҳияаш чизеро намедонад, кор кунад.

Воқеан, ин раванд баъзе аз мансабдору мансабдеҳонро дар Тоҷикистон хурсанд ҳам мекунад, чунки заминаи бештару васеътар барои ба бесаводони “лаби бом” фурӯхтани мансаб фароҳам меояд.

Аслан, ҳангоме дар кишваре ин раванди фирори саросарии мағзҳо эҳсос мешавад, ҳатман дар он мамлакат бонги хабар мезананд ва чораҷӯӣ мекунанд, то пеши ин раванд гирифта шавад. Аммо, дар Тоҷикистон ин фирори ақлҳо касеро аз ягон зинаи раҳбарӣ ба ташвиш наовардааст, намеорад ва фикр мекунам нахоҳад овард (агар инро нагӯем, ки бисёриҳо хурсанд мешаванд, чун мебинанд, шоистатар аз онҳо мераваду майдон барои онҳо кушод мешавад ва ин фурсат меояд, ки зи минбар аз сари ҷаҳли мураккаб миси худро тилло гӯяду касе онро баҳс накунад). Дигар мардум ҳам одат кардаанд фикр кунанд, ки на танҳо дар заводу фабрикаю банк, балки дар сурудхонӣ ҳам то хуни нофатро ба сад афсона ба минтақаи «даркорӣ» бурда, начакконӣ, мурӣ, ки орзуи сабзидану соҳибнону соҳибном шуданро ба хок мебарӣ.

Дар ҳамин маврид боре шоири номваре байтеро бадоҳатан бароям гуфта буд:

– Солҳо шуд

Ҷойи корам

шӯъбаи фарҳангу симою садост

Кори ман чӣ?

Як раис омад саисӣ кард, ё саис омад раисӣ…

Ва аммо, дар ҳамин ҳолат ҳар саре, ки фикр дорад муҳоҷирати маҷбурӣ, фирори маҷбурӣ омили дигаре дорад, номаъқул кардааст. Тамғаю латма задан ба номи ин ё он муҳоҷири зиёӣ танҳо ба ин хотир, ки ӯ натавонистааст дар Тоҷикистон пораноне барои худу фарзандонаш ёбад, кори беақлу бефаросате аст, ки гуруснагиву ташнагию бепулиро умуман надидааст ё аз соли 1993 боз надидааст. Ба қавле, “Ватан онҷо, ки озораш набошад…”

«Ҳар қадаре сафи зиёиёни «ақлак», мағзҳои ҳавои озодӣ дошта кам бошад, идора кардани давлат осонтар, таъмини амният саҳлтар хоҳад шуд!» – мегӯяд бо хашм як дӯстам, ки дар вазифаи баланде кор мекунад. “Магар рост намегӯяд? – ба худ меандешам. – Магар ин сиёсати имрӯза нашуда?”

Аммо оё рафтани, ба истилоҳ, “мағзҳо” ва ҷойи онҳоро гирифтани ношоистаҳо ба дарди Тоҷикистон хоҳад хӯрд?

Шояд кам кас хабар дорад, ки мактабҳои миёнаву олӣ аз муаллимони арзандаву духтурхонаҳо аз табибони лоиқ рӯз ба рӯз холӣ мешаванд. Ҷинояткорӣ меафзояд, арзишҳои инсонӣ аз байн мераванд. Ба болои ин иқтисод нест, вазъи иҷтимоӣ рӯз ба рӯз бадтар мешавад…

Гапи ман нест, оморҳо нишон медиҳанд, ки кишвари мо, баръакс, ба мутахассисони варзида ниёз дорад, аммо кадоме аз ин хурсандӣ мекунад, ки бо рафтани рӯшанфикрон ё кадрҳои маҳалҳои дигар обод хоҳад шуд. Хеле афсӯс!

Магар вазири ҳамин кишвар набуд, ки аз хабари ҷойи кор ёфтани 200 табиби саршиноси тоҷик дар кишварҳои арабию африқоӣ (ҳол он ки дар худи Тоҷикистон табиб намерасад) табли шодӣ кӯфта буд?

“Дило, девона шав, девонагӣ ҳам оламе дорад!”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *