ИқтисодТоҷикистонҲамкорӣҶаҳон

Чин ба Тоҷикистон 2 млн воя воксини “КоронаВак” ворид намуд

Субҳи рӯзи 28 июл ба Тоҷикистон 2 млн воя воксини “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” кишвари Чин ворид гардид.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ дар маросими қабул дар фурӯдгоҳ муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён, муовинони вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, муовини аввали вазири умури хориҷӣ Хусрав Нозирӣ, Номояндагони сафорати Чин ва Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ иштирок карданд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX  192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дарёфт кард ва дар охири моҳи июн аз Чин ба Душанбе 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин кумаки башардӯстона  ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки 26 июл аз ҷониби ИМА  ба Тоҷикистон 1,5 млн воя воксини Moderna кумак расонида шуд.

Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустӣ то 21 июл беш аз 474 ҳазор шаҳрвандон бо вояи якум ва 22 ҳазор нафар бо вояи дувум воксин гирифтанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *