Илм ва маорифОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҶомеа

Қосимшо Искандаров: “Русия аз ҳимояти “Толибон” пушаймон хоҳад шуд”!

Косимшо Искандаров, коршиноси масоили сиёсӣ

Русия аз ҳимояти “Толибон” пушаймон хоҳад шуд!

Рӯзномаи Миллат

Афғонистон ва ҳамин тавр ҳамаи минтақаи перомуни он вориди як марҳилаи дигаре аз таърих, марҳилаи сиёҳ ва таҳаҷҷур шуд. Бисёр дардовар ва риққатбор аст, башарият ба тамошои ҷанги ҷоҳилият ва тамаддун нишаста, ба содагӣ ва бетафовут манзараи пирӯзии таҳаҷҷур ва ифротият бар арзишҳои инсониро наззора мекунад.

Ҳодисаҳое, ки рӯзҳои ахир дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҷараён доранд, як таҳаввулоти қобили пешбинӣ буд. Албатта барои чашмҳои зоҳирбин ва зеҳнҳои сода чун субҳ аз хоб бедор шуданд, дидан ё шуниданд, ки Фархор, Хоҳон, Дарвоз ва Шуғнон суқут кард. Аммо дар ҳақиқат ин коре нест, ки якшаба сурат гирфита бошад. Талошҳо барои суқут додани ин минтақаҳо аз солҳои 2006-2009 ҷараён дошт. Садҳо мақола ва таҳлили рӯзномаи “Миллат” ё  ҳадди ақал мутолиаи даҳҳо мақола ва мусоҳибаи профессор Қосимшо Искандаров ва вакили Бадахшони Афғонистон дар порлумон Латифи Пидром зеҳни хонандаро барои дарки ин ҳақиқат, ки чаро шимол ба дасти толибон суқут кард, рӯшан мекунад. Инҳо 10 сол ба ин ҷониб мардум ва ҳукуматҳоро ҳушдор медоданд, ки шимол ба дасти Толибон суқут мекунад. Вале мутаассифона 10 сол ба толибон ин фурсат дода шуд, ки заминаро барои  нуфузи худ фароҳам кунанд. Ҳукумати Афғонистон ва ҳамин тавр ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз фурсати тиллоии рафъи умдатарин мушкили фаромиллӣ ва фароминтақавии худ дар 20 соли гузашта истифода накарданд. Албатта ин мушкил рушди ифротгароии динист, дар ин муддат. Вале бояд зикр намуд, ки аксари ноҳияҳои шимоли Афғонистон, аз ҷумла, Хоҳон, Шикай, Нусай на бо ҷанг ва зӯрии толибон, балки бар асари муомила ва фишори давлат ба низомиён суқут намуданд. Худи давлати Ашраф Ғанӣ ба воҳидҳои низомӣ дастур додааст, ки мавқеъҳои худро дар аксари минтақаҳо тарк кунанд. Ҳамин тавр аксари воҳидҳое, ки ба Тоҷикистон низ ақибнишинӣ карданд, бидуни ҳеҷ навъ ҷанг ва муқовимат ин корро анҷом доданд. Хусусан, ба қавли сокинони маҳаллӣ қувваҳои ҳукуматӣ аз вулусволиҳои Шикай  ва Шуғнон хориҷ шуданд ва фақат баъди 5 то 10 соати фирори онҳо гурӯҳҳои толибон вориди ин минтақаҳо шуданд. Ин матлабро собиқ вакили порлумони Афғонистон Фавзия Куфӣ ҳам дар изҳороти худ тасдиқ мекунад ва мегӯяд, аксари вулусволиҳои шимол ҳамин гуна бар асари таблиғот суқут намудаанд, на дар натиҷаи ҷангу шикасти неруҳои давлатӣ. Ҳамин тавр, ҷои тардид вуҷуд надорад, ки неруҳои давлатии Афғонистон дар шимол дар муқобили гурӯҳҳои террористии толибон ҷанг намекунанд. Ин кор наметавонд бидуни ҳамоҳангӣ ва муомилаи давлати Афғонистон сурат гирфита бошад.

Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх мегӯяд, бо неруҳои хезишӣ-мардумӣ хост, вулусволии Шулгараро, ки он ҷо 300 сарбози давлатӣ дар муоҳсира монда буданд, аз чанги толибон озод созад. Аммо мегӯяд ӯ, Бисмилло Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон аз ӯ хост, ки ин корро накунад. А.Нур мегӯяд, ки ду маротиба вулусволии Калдорро, ки гузаргоҳи марзӣ бо ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон дорад, аз дасти толибон озод сохт, аммо боз ҳам бар асари саҳлангории неруҳои давлатӣ ба дасти толибон гузашт. Ба ҳамин тартиб, ин ки неруҳои давлатӣ дастур гирифтаанд, ки дар муқобили толибон ҷанг ва муқовимат накунанд, ҳадди ақал дар бархе аз минтақаҳои шимол, як амри бебаҳс аст. Бинобар ин, минтақаҳо пайи ҳам ба дасти толибон суқут мекунанд.

Ҳадаф аз ин кор чӣ аст? Бояд гуфт, ки ин ҷо ҳар кас ва ҳар гурӯҳ ҳадафи худро дорад. Ҳадафи А.Ғанӣ аз ба дасти толибон супурдани шимол заиф ва нотавон кардани тоҷикон, ӯзбекон, ҳазораҳо ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ ва дар айни ҳолат аз раванди сулҳ ва музокира барои сохтани давлати оянда ба куллӣ ҳазф намудани онҳо мебошад. Вақте Бадахшон, Тахор, Қундуз, Бағлон, Балх, Самангон, Парвон Кописо аз тоҷикон, Форёб ва Ҷузҷон аз узбакҳо, Дойкундӣ ва Бомиён аз ҳазораҳо гирифта мешавад, А.Нур, С.Раббонӣ, Л.Пидром, А.Масъуд, А.Дустум, М.Муҳаққиқ. ва К.Халилӣ аз номи кадом қавми тоҷик, узбек ва ҳазора дар музокирот ва равандҳои сиёсӣ иштирок мекунанд? Чун пойгоҳи иҷтимоӣ ва мардумии онҳо дигар дар дасти толибон аст, ақибгоҳ надоранд, дар хубтарин ҳолат аз саҳна ронда мешаванд, дар бадтарин ҳолат кушта мешаванд.

Ҳамин тавр, А.Ғанӣ ва қувваҳои шовинистии паштун дар ҳукумат мехоҳанд шимол дар  дасти толибон қарор бигирад ва дар музокироте, ки барои ташкили давлати оянда сурат мегирад, аз ҳар ду тараф, ҳам ҳукумат ва ҳам муқобили он фақат паштунҳо ҳузур дошта бошанд ва давлати худро ба роҳатӣ ташкил диҳанд. Роҳбарони тоҷик, узбек ва ҳазора дар ин музокирот нуфуз ва ҳузур нахоҳанд дошт, зеро то оғози музокирот инҳо шикастхӯрда, заиф ва бечора сохта мешаванд. Ин ҳадафи А.Ғанӣ, Ҳ.Атмар ва намояндаи ИМА З.Халилзод аст.

Ҳадафи ИМА чист? Ин ҷо бояд гуфт, ки дар ҷанги сулҳи Афғонистон дар ин марҳила омили З.Халилзод, ҳамчун як паштунтабор ба ҳайси намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон нақши асосӣ бозӣ кард.  З.Халилзод тавонист сиёсати ИМА-ро ба манфиатҳои қавмӣ ва табории худ истифода кунад. Албатта ин дар оянда баҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ хоҳад гирифт. Аммо ҳоло ин шахс манфиатҳои ИМА ва бузургманишии паштунҳоро зоҳиран ҳамоҳанг сохтааст. Ҳатто манфиатҳои Покистонро ҳам дар чаҳорчӯби ин барнома ғунҷонида аст.

Аммо ҳадафи ИМА аз ин бузургтар аст. Ин кишвар мехоҳад аз шикасти худ дар муқобили толибон ба манфиати роҳбурдии худ истифода кунад ва шикастро ба корзори ба чолиш кашидани рақибони худ дар минтақа  – Чин ва Русия истифода намояд. Солҳо қабл, вақте амалиёти аз Вазиристони шимолӣ хориҷ кардани гурӯҳҳои террористӣ аз ҷониби ҳукумати Покистон рӯи даст гирфита шуд, таҳлилгарон ҳушдор медоданд, ки ин Вазиристони шимолӣ ба Афғонистони шимолӣ кӯч дода хоҳад шуд. Ҳоло дақиқан Афғонистони шимолӣ вориди адабиёти сиёсӣ-геосиёсӣ хоҳад шуд. Ба зудӣ гурӯҳҳои даҳшатафкани байналмилалие, ки манфиати Амрикоро таҳдид намекунанд, дар минтақаҳои шимолӣ зуҳур хоҳанд кард. Шумо ба Тавофуқномаи ИМА ва Толибон аз февралди соли 2020 нигоҳ кунед. Он ҷо амнияти Осиёи Миёна тазмин нашудааст, сухан танҳо дар мавриди амният ва манфиатҳои ИМА ва шариконаш меравад.

Дар банди дувуми бахши дувуми ин тавофуқнома ба ҳамкории “Толибон”дар мубориза бо унсурҳои таҳдидкунанда барои амнияти миллии ИМА ва муттаҳидонаш таъкид шуда, аз ҳеҷ кишвари дигар ёдоварӣ намешавад. Банди севуми ҳамин бахш низ толибонро вазифадор мекунад, ки аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки амнияти ИМА-ро таҳдид мекунанд, меҳмондорӣ накунанд. Аммо ин ҷо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд, манзур нашудаанд.

Бахши сеюми мувофиқатнома ба “Толибон” иҷоза медиҳад, ки аз мухолифон ва паноҳҷӯёни хориҷӣ тибқи қавонини маъмул пазироӣ ва ба онҳо паноҳгоҳ ва иҷозаи ҳузур бидиҳанд, боз ҳам ба шарте, ки ин муҳоҷирон таҳдиде ба амнияти ИМА набошанд. Ин ҷо нуктаи борик ин аст, ки “Толибон” тавонистаанд дар ин тавофуқнома мувофиқати ИМА-ро барои паноҳ додан ба гурӯҳҳои мухолиф ва паноҳҷӯйи хориҷӣ ба навъе ҳосил кунанд. Дар ҳоле, ки  худи ИМА ҳам ба ин манфиатдор аст. Баъдан ин “Толибон” ва ИМА хоҳанд буд, ки ташхис мекунанд кадом гурӯҳ таҳдид ба амнияти ИМА ва кадом гурӯҳ барои он хатар маҳсуб намешавад. Ин ҷо низ зикр нашудааст, ки ба паноҳҷӯёне, ки  кишварҳои ҳамсояи Афғонистон онҳоро барои амният ва суботи худ таҳдиди билфеъл медонанд, иҷозаи ҳузур дода намешавад.

Интизор бояд буд, ки Афғонистони шимолӣ ба пойгоҳи гурӯҳҳои ифротӣ барои таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия табдил хоҳад шуд.

Ҳадафи Русия чист? Русия аз солҳо дар орзуи барқарории робита бо Толибон буд. Ҳатто дар солҳои 1996-2001 Русия борҳо талош намуд, ки бо Толибон робита барқарор намуда муносибати одӣ барқарор намояд ва Аморати исломии онҳоро барасмият бишносад. Аммо Толибон ҳаргиз пешниҳоди Русияро қабул накарданд. Ҳоло вазъият албатта каме дигар аст. Русия дар муқобили ИМА ба Толибон ҳамкорӣ кард. Толибон маҷбур буданд, ки пешниҳоди ҳамкории Русияро қабул кунанд. Аммо абадан фиреби Русияро нахоҳанд хӯрд. Агар Русия фикр карда бошад, ки Толибонро ба худ моил кардааст, худашро фиреб додааст. Толибон то нуктае бо Русия ҳамкор хоҳанд буд, ки манфиати худ ва пуштибононашон талаб кунад. Ба он нукта, ки расиданд, роҳашон аз Русия ҷудост. Толибон ба зудӣ С.Лавров ва Н.Патрушевро аз ин гуфтаҳояшон, ки Толибон таҳдиде барои Русия нестанд, пушаймон хоҳанд кард. Толибон агар ҳам хоста бошанд, ки бо Русия сари дӯстӣ дошта бошанд, Покистон ва ИМА ин иҷозаро ба онҳо нахоҳанд дод. Як нукта мусалам аст, ки агар Ғарб аз Толибон ҳимоят кунад, (ки ҳимоят мекунад) ҳамчун омил ва аҳроми фишор болои Русия ва Чин ҳимоят мекунад. Покистон ҳамчун пуштибони аслии Толибон ҳадафаш маълум аст, ки расидан ба умқи стратегӣ дар Осиёи Марказӣ аст. Покистон мехоҳад аз  Толибон барои даст ёфтан ба манобеи саршори Осиёи Марказӣ ҳимоят кунад. Дар чунин сурат Ғарб ва Покистон куҷо хоҳанд гузошт, ки Толибон дастнишондаи Русия шаванд. Бинобар ин Толибон ба зудӣ рӯйи аслии худро ба Русия нишон хоҳанд дод. Аз ин ҷиҳат аст, ки мегӯем Русия ин ҷо худро фиреб дода ва ба суқути шимол ба дасти толибон мувофиқа намуд, ба умеди он ки Толибонро дар муқобили ДОИШ дар ин минтақа истифода хоҳад кард. Аммо ин хоб асту хаёл асту маҳола асту ҷунун!

Толибон ва ДОИШ шогирди як мактаби ақидатӣ ва фикрӣ ҳастанд, ҳаргиз аз ақидаи худ бар намегарданд. Ҳадафашон ҳам ягон аст. Гирдиҳамоиҳои толибон дар майдонҳои вулусволиҳои суқуткардаи Бадахшон гувоҳи ин аст. Сар бизанед, ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ошкоро толибони мағрури пирӯзӣ мегӯянд, ки ҳадафи мо барқарории низоми ҳукуматест, ки дар садри ислом вуҷуд дошт. Ҳатто мегӯянд, ки ба ҳамсояҳои худ ҳам барои расидан ба ин кумак мекунем. Роҷеъ ба ин масъала корманди собиқи Вазорати умури хориҷаи «Толибон» Ваҳид Мужда менависад, ки баъди суқути Мазори шариф ба дасти Толибон дар соли 1998 кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр нигарон шуданд. Роҳбарияти Толибон хост ба онҳо итминон бидиҳад, ки Толибон ба Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад. Ӯ менависад: «Вақте  матни Баёнияро дар комиссиюни сиёсии вазорат қироат карданд, ҳама мувофиқ буданд, ба ҷуз аз вазири адлия Мулло Нуриддин  Туробӣ. Ӯ рӯ ба вазири хориҷа, Мулло Ҳасан намуда, гуфт: «Ҳоҷӣ Мулло Соҳиб, мо ва шумо аз сиёсати «Аморати Исломӣ» ба хубӣ огоҳ ҳастем. Оё сиёсати Аморат ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ дар умури дигарон дахолат накунем?» Мулло Ҳасан гуфт: «Мо агар қудрат дошта бошем, бояд ба ёрии мусулмонон биравем. Аммо дар шароити феълӣ, ки раҳбарони Осиёи Миёна (аз тарс) вузуи худро нигоҳ дошта наметавонанд, бояд ба онон ҳамин ҳарфҳоро бизанем». Туробӣ гуфт: «Ба фикри ман аз назари шаръӣ дуруст нест, ки мо ҳарфе бизанем ва қавле бидиҳем, ки медонем баъдан ба ин амал нахоҳем кард».

Онҳое, ки ин воқеиятҳоро намедонанд ва ин китобҳоро нахондаанд,  ҳарфи муфт мезананд, ки толиб барои мо таҳдид нест. Толибон агар барои ИМА ва Покистон ҷиҳати расидан ба умқи стратегӣ дар Осиёи Миёна даркор набошанд, аз онҳо ҳимоят нахоҳад кард.

Мутаассифона, ҳаводиси шимоли Афғонистон нишон дод, ки таблиғоти суи русҳо дар мавриди мусичаи бегуноҳ будан ва хатар надоштани толибон ҳатто ба шуур ва зеҳни бархе аз ба истилоҳ рушанфикрон ва журналистони мо ҳам рахна кардааст. Имруз баъзе аз ба истилоҳ кошиносони мо ҳам ба монандаи бархе аз генералҳо ва дипломатҳои рус сухангӯи толибон шудаанд. Ҳамин, ки хатар надоштани толибонро дар зеҳни мардум талқин кардӣ, ҳоми толибонӣ.

Аз ҷониби дигар, чаро мо бо шохисҳои русӣ манфиатҳои худро ташхис диҳем. Яъне Толибон барои Русия хатар надоранд, барои мо ҳам нахоҳанд дошт. Дар айни ҳол ман баръакси онро мегӯям: хатаре, ки толибон мутаваҷҷеҳи мо месозанд, дуруст ба манфиати Русия аст. Хатаре, ки барои мо хатар аст, барои Русия айни манфиат аст. Бинобар ин, Осиёи Марказӣ бояд ба чашмони худаш ба манфиати худаш нигоҳ кунад:

Чашмҳоро бояд шуст,

Ҷури дигар бояд дид.

Ҳадафи кишварҳои Осиёи Марказӣ чист? Мутаассифона ин кишварҳо ҳадаф ва барномаи ҳамоҳангшуда дар қиболи Афғонистон надоранд.  Л.Пидром дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки ҳамаи ин кишварҳо дар якҷоягӣ на танҳо тавони муқобила бо барномаҳои Ғарб, ҳатто қудрати дарки сиёсати ИМА дар минтақаро надоранд. Ҳаводиси шимоли Афғонистон ин ҳақиқатро собит шуд.

Пирӯзии Толибон дар шимол чӣ пайомад дорад?

ИМА ҳанӯз дар моҳи феврали соли 2020 бо имзои ин тавофуқномаи Дуҳа дар Қатар ба як ҳаракати ифротӣ ва террористӣ – “Толибон” машруияти байналмилалӣ бахшид. Ин иқдоми ИМА дар қадами аввал ба худи гурӯҳи “Толибон” эҳсоси пирӯзӣ дод. Онҳо худро дар муборизаи зидди ишғолгарии ИМА пирӯз ва ИМА-ро шикастхӯрда медонанд. Мулло Ҳайбатулло Охундзода, роҳбари ҳаракати “Толибон” имзои ин тавофуқномаро пирӯзӣ бар ИМА унвон кард.

Акнун пирӯзиҳо ва футуҳоти шимоли Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи  террористии “Толибон” гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ҳамаи исломгароёни сиёсиро дар минтақаи Осиёи Миёна барои идомаи фаъолиятҳои ифротгароёна  ва террористӣ илҳом хоҳад бахшид. Гурӯҳҳои дигари ифротии Осиёи Марказӣ бо дидани манзараи пирӯзии “Толибон” дар Афғонистон яқин хоҳанд кард, ки онҳо низ роҳи дурустеро мепаймоянд ва рӯзе муборизаашон ба самар хоҳад нишаст. Хусусан, гурӯҳҳои мусаллаҳи мазҳабӣ ва ифротие, ки аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна таркиб ёфта ва дар Афғонистон истиқрор пайдо кардаанд, барои идомаи фаъолиятҳои тахрибкоронаи худ ангеза пайдо намуда, ҳатто ба пирӯзии худ умедвор хоҳанд шуд. Ин аз пайомадҳои бисёр хатарноки пирӯзии гурӯҳҳои толибон мебошад.

Акунун В.Путин гуфтааст, ки ба Тоҷикистон дар ҳимояи марзҳояш бо Афғонистон кумак мекунад. Аммо беҳтар он буд, ки Русия дар ташвиқ ва расмият бахшидани Толибон саҳм намегирифт, гурӯҳеро, ки террористӣ мехонад, ба қасри Кремл намебурд, ба онҳо пул ва восита намедод, машруият намебахшид. Як гурӯҳи ҷоҳил ва террористиро дар муқобили хостаҳо ва манфиатҳои як миллат дастгирӣ намекард. Имрӯз ваъдаи миёнтиҳӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам намекард. Кумакро бояд ба гурӯҳҳои солим, ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар 20 соли гузашта мерасонид, ки имрӯз ба ин рӯз гирфитор намешуданд.

Суқути шимоли Афғонистон ба дасти “Толибон” ҳаргиз бе мувофиқаи хомӯши Русия сурат нагирифтааст. З.Кобулов намояндаи В.Путин дар Афғонистон дар мусоҳибаи худ мегӯяд, ки дар Қандаҳор бо Мулло Умар, роҳбари мурдори “Толибон” суҳбат мекард ва дар пушти сари ӯ як нақшаи сиёсӣ овехта буд, ки дар он нақша Москва ва Кремл ҷузъи “Аморати Исломии Толибон” нишон дода шуда буд. Имрӯз ин З.Кобулов ба ҳомии сарсахти гурӯҳҳои терррористии толиб табдил шудааст ва 10 сол бештар дар саҳнаи байналммилалӣ нақши адвокати ин гурӯҳро бар уҳда дорад. Оё ӯ бовар дорад, ки Толибон он нақшаи пушти сари Мулло Умарро дигар кардаанд?

Толибон ҳамчун гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ ҳамаи кишварҳои олам ва минтақа, хусусан тамаддуни инсониро баробар таҳдид мекунанд. Русия, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буъди ифротӣ ва мазҳабии толибон нигарон мебошанд. Онҳо нигаронанд, ки гурӯҳҳои террористӣ в ифротии дохили худашон аз пирӯзии Толибони афғон рӯҳия хоҳанд гирифт ва ё Толибон ба онҳо паноҳгоҳ хоҳанд дод, ки ҳатман медиҳанд. Аммо пирӯзии Толибон барои тоҷикон зарбаи дугона дорад. Муҳликтарин зарбаро пайкари  фарҳанг, забон ва тамаддуни тоҷикон мутаҳаммил хоҳад шуд. Сарнавишти тоҷикони Афғонистон ба тақдири ҳамтаборони худ дар Ӯзбекистони солҳои 20-30 монанд хоҳад шуд. Пирӯзии Толибон оғози хомӯшии як фарҳанг, як забон хоҳад буд.

Барои кишвраҳои дигари Осиёи Миёна бошад, “Толибон” ҳукми шамшери дудамаеро хоҳад  дошт, ки ИМА бар фарқи сари онҳо овезон хоҳад кард, то ҳар гоҳ аз хоб бедор шуданд, он шамшерро бинанд. Ҳар гоҳе ҳам ки Ғарб хост, банди шамшерро канда мекунад.

Инро ҳам бояд гуфт, ки ҷанг идома хоҳад дошт…

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *