Осиёи МарказӣСиёсат

Ҳамла ба манзили Атомуҳаммади Нур- раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон

1-июн ба ҳавлии собиқ волии Балх, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон Атомуҳаммади Нур ҳамла сурат гирифт.

Дар ин бора хабаргузории Тolonews хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки  шахсони номаълум  хонаи Ато Муҳаммади Нурро воқеъ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мавриди гулӯлаи ҳован (минемёт) қарор додаанд, ки дар натиҷа чаҳор нафар  захмӣ шудаанд. Худи Атомуҳаммади Нур осеб надидааст.

Тибқи иттилои манбаъ ин ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки  Атомуҳаммади Нур зимни як ҷаласа бо бархе аз сиёсатмадорони дигар дар бораи вазъи амниятии вилояти Балх гуфтугӯ мекарданд.

Атомуҳаммад Нурзода сиёсатмадори тоҷиктабор,  яке аз қумондонҳои муҷоҳидини Афғонистон ва муовини Ҷунбиши миллӣ ва ҷанги дохилии зидди Толибон ба шумор меравад.  Ӯ аз соли 2004 то 2018 волии вилояти Балх буд. Ӯ ҳамчунин аз  соли 2020 инҷониб раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистонро ба дӯш дорад.

Атомуҳаммади Нур – пешвои асосии тоҷикони Афғонистон амалан тамоми Шимоли Афғонистонро дар ихтиёр дорад. Дар айни замон тибқи маълумотҳо  артиши шахсии Ато Муҳаммад Нур 60 000 ҷанговар ва се гурӯҳи пурқудрати милитсия иборат аз 12000 нафарро дар бар мегирад. Манбаъҳо мегӯянд, ки дар сурати сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон  Ато Муҳаммад Нур қодир  аст, ки шимоли кишварро зери тасарруфи худ дарорад.

Пас аз оғози хурӯҷи нерӯҳои ИМА ва муташанниҷ гаштани вазъият дар Афғонистон, махсусан дар шимоли кишвар Атомуҳаммади Нур либоси низомӣ ба бар карда, ба сангари муқовимат бо Толибон баргашт.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *