Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Ҳодисаи Толибон (Иқдоме беҳтар нисбат аз тамошобин будан)

Шаҳобуддинов Нуриддин, донишманди тоҷик

Толибон доранд оҳиста-оҳиста Афғонистонро “фатҳ” мекунанд. Аз ҳолати ҷаниниаш то ба имрӯз бармало аст, ки “ин аҷӯза аруси ҳазор домод аст”, аммо худро ҳомии номусу дин муаррифӣ менамояд. Ҳадафи мо таҳлили ҳамаҷонибаи ин падидаи таассуфовари минтақаи мо нест, ки он ҳадафҳои абарқудратонро пиёда месозад, аммо дар байни  ҳадафҳои дигар масъалаҳои миллию қавмӣ низ вуҷуд дорад, ки моро воқеан ҳам нигарон сохтааст. Танҳо ҳодисаҳои душвор ва лаҳзаҳои мушкил миллатҳо ва инсонҳои арзандаро месозад. Ҳайфи ман аз он меояд, ки ҳодисаи толиб, ки ҳадафи ниҳоии он маҳз нобудӣ ва инкори қавмиятҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон аст, моро ба худ намеоварад, мо тамошобин ҳастем. Дар идома доир ба якчанд масъалаи барои мо воқеан ҳам ҳассос назари худро мухтасаран пешниҳод менамоям:

  1. Қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар маврид Толибон оммаҳоро дигар бо истифодаи мафҳумҳое чун  “демократия” ва ё “ҳуқуқи башар” афсун намекунанд, балки бо зери по гузоштани тамоми арзишҳои инсонию динии мавҷуда гуруҳеро ба сари қудрат меоваранд, ки ба ҷуз аз ҷаҳлу интиқом барномаи дигаре барои худ надорад. Вақте аз барномаи Толибон аз яке аз сарони онҳо пурсиданд, танҳо як сухани аҷибро зикр кард: “Мо давлати исломӣ месозем”.  Ба фикри ман инро бояд чунин фаҳмем: “Мо ба Афғонистон даҳшат меоварем”.  Барои мо маълум аст, ки Афғонистон як давлати исломӣ мебошад, тамоми ҳизбҳои сиёсии дар Афғонистон мавҷуда ҳама дар таркиби худ номи “исломӣ”-ро дорад. Занҳо ҳатман фаранҷиро истифода мебаранд ва ҳамин тавр тамоми дигар арзишҳои исломӣ сидқан дар ин давлат, нисбат ба ҳар як давлати исломии дигар, риоя мешавад. Агар ин ҳама “исломӣ” набошад, пас боз кадом “исломии” дигар? Яъне чун ҳамеша ислом баҳона буда ҳадаф ҳамоно бартариятҷуии қавмӣ ва миллӣ мебошад.

Бо вуҷуди он ки намуди зоҳирии ҷаҳон ва ҳаёт дигаргун гардидааст, аммо ботини он ҳанӯз тағйире надидааст. Ҳар қавм, гуруҳ ва ё давлате, ки нерумандтар аст, ҳатман ҳарифи заифи худро аз байн мебарад: “хосияти ин ҷаҳон заификушӣ аст”. Дар асри санг ҳам ҳол чунин буд, ҳоло ҳам. Толибон, ки асосан таркиби онро намояндагони қавми паштун ташкил медиҳад, нисбати дигар қавмҳо бахусус тоҷикон назари хасмона доранд ва имкони овардани даҳшатҳои бузург бар сари ин қавм вуҷуд дорад.

  1. Толибон доранд Афғонистонро мегиранд ва мо тамошобин ҳастем, дар ҳадди ниҳоӣ танҳо пешгӯиҳо ва гумонзаниҳо менамоем, ҳатто ба ҳамин ҳам ҳавсала надорем. Шояд тоҷикони он тарафи сарҳад чораҳоеро меандешанд, аммо зоҳиран онҳо низ тамошобинеро мемонанд, ки ба ҷуз аз худнамоиҳои авомфиребона, иқдоми ҷиддиеро пеша накардаанд.  Мо интизорем, ки толибон меоянд ва ба наслкушии худ идома медиҳанд, ки дар умум ҳадафи онҳо нобудсозии тоҷик дар як минтақаи бузурги Афғонистон мебошад. Бояд барои наҷот иқдоме анҷом дод. Будани мо ба фоидаи ҳамдигар аст, агар ҳоло қудрати мутаҳҳид гардидан ҳамчун як миллатро надорем, пас лоақал барои вуҷуди устуворонаи онҳо иқдом намуд. Иқдоме анҷом дода, дар ҳолати нокомӣ шикаст хурдан боарзиштар аст, нисбат ба иқдоме накарда маҳв гардидан. Сарони тоҷикон бояд даъвоҳои нангиги байниҳамдигарии худро ба як тараф гузоранд ва ба хотири тамомӣ ва арзандагии як миллат мутаҳҳид шаванд. Агар онҳо қодир ба чунин нестанд, пас бояд насли нави тоҷикони Шимоли Афғонистон ин иқдомро ба даст гиранд. Онҳо метавонанд дар ин иқдом бо дигар қавмҳо, бахусус ҳазораҳо мутаҳид шаванд.  Аз Толибон метавон як чизро омӯхт, ки онҳо ба назди давлатҳои таъсиргузори минтақа рафтанд ва тавонистанд, ки онҳоро ба худ моил намоянд. Тоҷикони Афғонистон низ бояд ҳамин амалро анҷом диҳанд. Пеш аз ҳама бояд бо Эрон алоқа барқарор намоянд ва лоақал ба хотири забон ва анъанаи фарҳангии муштарак онро водор ба пуштибонӣ намоянд, шояд дар ҳукумати Эрон нафароне ҳанӯз вуҷуд дошта бошанд, ки ба умқи ин масъалаҳо бирасанд, ҳамчунин бо Туркия, Рассия, Чин ва ё давлатҳои Осиёи Миёна бояд робитаҳоро барқарор намоянд. Чаро паштунҳо бо Покистон дар алоқамандии сиёсӣ, узбекҳо бо Узбакистон ва Туркия, аммо тоҷикони Афғонистон бо Тоҷикистон робитаи стратегии муҳим надошта бошанд? Мо аз кӣ метарсем, аз туркҳо,  аз покистониҳо ва ё аз сояи худ? Агар Тоҷикистон дар ин маврид иродаи сиёсӣ нишон диҳад, ҳеҷ як давлат чизе гуфта наметавонад, балки фақат мефаҳмад, ки онҳо ҳамзабон ҳастанд ва нисбати сарнавишти ҳамдигар бетараф нестанд. Ин барои тоҷикони ҳар ду тарафи марз нерубахшанда мегардад. Дар шароити кунунӣ бояд Тоҷикистон нисбати тоҷикони он суи марз иқдомҳои муҳимтар ва нотарсонатар анҷом диҳад ва аз ҳар ду тараф бояд инсонҳои дурандеш ба ҳам оянд ва иқдоме намоянд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бузургтарин хидматро барои раҳоӣ аз нобудӣ барои мо маҳз тоҷикони он суи марз анҷом дода буданд, ҳоло ин рисолатро мо бояд анҷом диҳем. Роҳи табии ва дуруст ин ҳамгароии мо аст ва алтернативаи дигар барои давр задани ҳамгароии мо вуҷуд надорад.

Мо дар бораи қавме сухан мегӯем, ки собиқаи бузурги ҷангӣ ва мубориза дорад. Онҳое, ки шуравиро шикаст доданд, имрӯз дар баробари толиб оҷиз ҳастанд. Ҳадафро бояд муайян намуд ва ба мубориза идома дод.

Ҳаёт ва ҳамчунин сиёсат ҳамин аст, ҳамеша иқдом ва агар иқдом нест, пас нобудшавии зудҳангом интизор аст. Як миллат, ё қавме, ки ҳанӯз ирода барои вуҷуд доштан дорад, ҳатман мубориза мебарад, аммо агар иқдоме намекунад, пас ба тариқи ғаризавӣ худро маҳкум ба нобудшавӣ кардааст ва барои нобудии худ ҳатман ягон омили тасодуфии берунаро пайдо менамояд.

  1. Шояд барои шумо боварнакарданӣ намояд, ки рӯзҳои охир на дастовардҳои илмии урупоиҳо, амрикоиҳо ва ё чиниҳою ҷопуниҳо, балки маҳз ҳаракатҳои Толибон маро ба чунин натиҷа расонидааст, ки мо дар ин минтақа оқибмондатарин ҳастем. Шояд ифодаҳои “роҳгумзадатарин” ва “фиребхурдатарин” беҳтар бошад. Мо худро бо мафҳумҳои бебунёд фиреб додаем ва инро барои худ тамаддун ва фарҳанг номидаем. Аммо миллатҳои ба ақидаи мо камтар фарҳангигаштаи ҷаҳони исломӣ чун мо фирефта нагардиданд ва дар ҷаҳони табиии худ устувор боқӣ монданд ва ҳама падидаро маҳз аз ҳамин дидгоҳ қабул намуданд. Агар таърихи олами исломро таҳлил намоем, камтар ҳодисаеро метавонм пайдо намоем, ки ифодакунандаи маънии “муъмин бародари муъмин” бошад, аммо ҳодисаҳое, ки ифодакунандаи маънии “муъмин барои муъмин гург” фаровон мебошад. Ба чунин шиорҳо на араб бовар кардааст, на турк ва на паштун. Ин мо ҳастем, ки бовар кардаем ва ҳамеша дар ҳолати фиребхурдагӣ ва раҳгумзадагӣ мебошем.

Паштун бо ҳамон ҳолати табиии худ манфиати худро мешиносад ва барои бақои худ иқдом мекунад, аммо тоҷик то ҳадде бо манфиатҳои осмонӣ бемор гардидааст, ки ҳеҷ наметавонад манфиати заминии худро шиносоӣ намояд. Таърихан ба ҷои “мулоҳиза кардан” ба мо “эътиқод кардан”, ба ҷои “шубҳа кардан”, “яқин кардан” ва ба ҷои “муқоиса, қазоват ва натиҷагирӣ намудан”, “имон овардан”-ро омӯзонидаанд. Хуласи калом ба мо таълим додаанд, ки “бо чашми пӯшида” намоем. Агар мо мехоҳем ва ё на маънии ҷаҳонбинии ҳазорсолаи мо ҳамин аст. Аз он ки чи дар Осиёи Миёна ва чи дар Афғонистон асосан тоҷик шикаст мехурад далелаш ин нодонии мост ва ин нодонӣ баръакс ҳамчун фазилат ва бартарият талқин гардидааст. Агар чунин намебуд мо асири бозиҳои дигарон намегардидем:“Тоири доно намегардад асир”.

  1. Вазъияти тоҷикон ва Толибон дар Афғонистон бояд ақлҳои фаъолро аз як хаёландешӣ нисбати тоҷикони Аморати Бухоро бояд раҳо созад. Гумони он ки агар Аморати Бухоро барҳам намехурд тоҷик бурд мекард як гумони ботил аст. Илова бар ғаризаи табиии ғалаба кардани як миллат ё қавм бар дигарӣ, ғараз ва ҳадафҳои соҳибони ҷаҳон як сарборӣ мебошад. Муносибати байни миллатҳои зикршуда ин бозиҳои амиқ ва нозукона тарҳрезишудаи соҳибони ин ҷаҳон низ мебошад.  Соҳибони ҷаҳон диданд, ки дар Осиёи Миёна маҳз туркҳо ва дар Афғонистон маҳз паштунҳо метавонанд ҳарифи фарҳанги форсӣ ва дақиқтар тоҷикон гарданд, бинобар ин садсолаҳо дар паи тавассути паштунҳо ва туркҳо азбайнбарии ин фарҳанг ҳастанд.
  2. Вақте ин ҷумлаҳоро менавиштам дар торномаи Спутник таҳлили як исроилӣ нисбат ба ояндаи Толибон хондам, ки густариши онҳо ба Осиёи Миёнаро пешгӯи мекунад. Ман комилан бо ӯ ҳамфикр ҳастам. Аслан ақидаи он ки Толибон ҳама паштун ҳастанд хатост. Як рафиқи ман якчанд сол пеш якчанд вақт дар Афғонистон зиндагӣ карда буд ва аз рӯи мушоҳидаи бевосита ба ман нақл кард, ки толибони бад маҳз толибони тоҷик ва онҳое, ки аз Осиёи Миёна ҳастанд, мебошанд. Ҳатман Толибон барои ҳамаи онҳое, ки ҳадафи давлати исломӣ дар Осиёи Миёнаро доранд, илҳомбахш мебошанд. Ҳатто агар толибон нахоҳанд ҳам фанатикҳои мо раванди толибонро ба ин минтақа мекашонанд ва ба хотири ислом ин минтақаро оғуштаи “хоку хун” мегардонанд, аз ин рӯ бояд иқдомҳои ҷиддиеро пеш гирифт, ки дар минтақаи сарҳадӣ ҳамон тоҷикони маҳаллӣ боқӣ бимонанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *