Осиёи МарказӣСиёсат

Ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои оташбаси муваққатӣ ба тавофуқ нарасиданд

Ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон ва Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон ба мувофиқа расиданд, ки дар даври нави музокирот дар Қатар ба манфиати ҳамаи афғонҳо дар асоси принсипҳои исломӣ ба созиш расанд.

Ин эъломия дар поёни музокирот зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбари ҳайати ҳукуматӣ, раиси  Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ қироат гардид.

“Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи зудтар роҳи ҳалли одилона ва пойдори муноқишаро пайдо кунанд.  Онҳо зарурати расидан ба созиши ба манфиат ва орзуҳои ҳамаи мардон ва занони Афғонистон ҷавобгӯйро, ки дар партави принсипҳои исломӣ бошад, дарк мекунанд” – гуфта мешавад дар изҳорот.

Иштирокчиёни музокирот ба мувофиқа расиданд, ки дар саросари кишвар раванди воксингириро ташкил кунанд.

Гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар робита бо пандемияи COVID-19 дар саросари Афғонистон  тамоми чораҳои зарурӣ барои таъмини амнияти кормандоне, ки ваксина мегузаронанд, андешида шаванд”.

Ҳайатҳои Ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар бораи оташбаси муваққатӣ дар  иди Қурбон ба мувофиқа нарасиданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *