Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳудуди 400 нафар паноҳандагони афғонистониро қабул кард

Имрӯз Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук нахустин видео дар бораи паноҳандагони афғонистониро ба ин вилоят нашр кард.  

Дар ин навор таъкид шудааст, ки субҳи имрӯз зиёда аз 400 нафар паноҳандагони дигари афғон ба қаламрави Тоҷикистон роҳ дода шуданд. То ба имрӯз дар маҷмӯъ теъдоди паноҳандагон ба 1000 нафар мерасад, ки миёнашон ба ҷуз аз низомиён инчунин занону кудакон ва пиронсолон  низ ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки  паноҳандагон тайи се рӯз  дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ ва баъдан ба ҷои амни дигар интиқол дода хоҳанд шуд.

Яке аз фирориён бо номи Абдумуталлиб валади Азиз гуфт, ки “дар ҳоле ба Тоҷикистон фирор намуд, ки аъзои гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар масофаи чандметрӣ қарор доштанд”.

Дар миёни онҳое, ки онҳое, ки паноҳандагонро пазироӣ карданд, раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур дошанд.

Ахиран  раиси ВМКБ Ёдгор Файзов  бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи қабули паноҳандагон аз Афғонистонро баррасӣ кард. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар навбати худ  ваъда доданд, ки  дар мавриди ҳалли мушкилоти марбут ба фирориён ба Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *