АхборИлм ва фарҳангТоҷикистон

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт

Ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов дар синни 80 – солагӣ аз олам даргузашт.

Сабаби марги ӯро ҳарчанд мақомот шарҳ надодаанд, вале як тан аз ҳамкоронаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ӯ дар манзили зисташ пас аз гирифторӣ ба бемории “КОВИД-19 даргузаштааст”.

Марҳум рӯзи 18-уми март  80-солагияшро ҷашн гирифта буд.

Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ мебошад.

Убайдулло Раҷабов хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982) мебошад.

Фаъолияти кории худро Убайдулло Раҷабов соли 1968 дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғо

Солҳои 1970-1989 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ буд. Аз соли 1990 то 2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии “Оина”, буд.

Солҳои 2000—2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Пойтахт-80” ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии “Оина” фаъолият мекард.

Ҳамзамон аз соли 1994 муаллиф, таҳиягар ва роҳбари бадеии ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ, омода намудани гурӯҳҳои ҳунармандон ба сафарҳои хориҷӣ буд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *