Илм ва маорифСиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Ҳуринисо Ализода: Сифатчинӣ ва қазовати мо

Ҳуринисо Ализода, рӯзноманмгор ва ходими давлатӣ

Фейсбук як фазои бози маҷозиест, ки дар қиболи матбуоти ноозод, телевизионҳои рӯйхати сиёҳдор ва ё пулакӣ, радиоҳои каме ба телевизионҳо шабеҳу  каме аз маҳдудиятҳои матбуот “бархӯрдор” ва то андозае  номаъмул, замони муосир ба мо эҳдояш кардааст.

Ин моли мо нест, вале дар қатори ҷаҳониён ба мо низ имкони як минбари озодро дода.

Мешавад гуфт, ки ин минбар озоди озод аст? Не албатта. Вале имконият ҳаст. Ин имконият забони бархеро  аз ҳад дароз кардаву чеҳраи қисмати дигареро ҳам кушода.

Боре навишта будаму такрор мекунам, ки аз ин шабака ҳар кас ба ҳар роҳе истифода мекунад.

Яке  аз он иттилоъ меҷӯяду дигаре иттилоъ  медиҳад.

Яке аз он адабиёт меомӯзаду дигаре беадабии хешро бешармона ба маърази ом мегузорад.

Яке пандҳои чун қандро бо дигарон қисмат кардан мехоҳаду дигаре заҳру зуқумашро  мерезад.

Яке чеҳраи хешро тарғиб месозаду дигаре кӯшиши кушодани чеҳраи тоза ва ё таърихиро барои дигарон тасмим мегирад .

Яке истеъдод дораду  ин минбари муаррифияш гашта.

Дигаре “чун қурбоққа ба пояш наъл заданӣ шуда ” бо як андешаи бепоя ва ё ҳарфи бетаҳаммулаш аз бесаводии худ дарак медиҳад.

Хулоса,  ин ҳам нусхаи ҳамин зиндагии ҳаррӯзаи мост, ки дар он маҷозан мо бо ҳамему ин иртибот метавонад дар қиболи вақти қимати хешро аз даст додан, ба мо ҳам бидиҳаду ҳам бигирад. Ва чунин ҳам ҳаст.

Чандест мехоҳам ибрози назар дар мавриди “коммент”- ҳо ё назарпароканиҳои дӯстони маҷозиям бинависам. Аммо андешаи он ки боз ба касе сахт нарасад,  ё худое нахоста, яке таҳқир бишавад, дастам медорад.

Аммо ин дам боз як комменте, ки аз дигарҳо ва ё аз дигар рӯзҳо фарқе надорад , ангуштонамро сӯйи клавиатура мекашанд.

Қаблан ба дӯстон мегӯям, ки ин навиштаи ман ғаразе надораду мехоҳам бо онҳое, ки ҳама  рӯза дар ин фазо ҳамроҳам, як маслиҳате дошта бошам.

Мавриди назари ман истифодаи сифатҳое ҳастанд, ки маъмуланд ва дар ин фазо хеле серистеъмол ҳам мебошанд.

Инҳо  вожа ё ибораҳои зеранд :

” Беҳтарин, хушрӯтарин, зеботарин, варзида, саршинос, зӯр, аз ҳама хушрӯ, якто, номдор,  беҳамто, тавоно, номвар, соҳибқалам, соҳибмактаб, олӣ, зеботарин” ва амсоли инҳо.

Дӯстон ҳам ин ҷо ва ҳам берун аз ин фазо зиёд ҳарф мезананд, ки фалониву бисмадонӣ таърифро дӯст медорад, ё мо мардуми тамаллуқкору хушомадгӯй шудаем.

Биёед розӣ шавем, ки таъриф ба ҳама мефорад. Хуш меояд, писанд аст, ки касе аз истеъдод, ҳусну ҷамол, ё ҷавониву илму  дониш ва ё соҳибэҳтиромиву номдориямон ба мо бигӯяд.

Хуб ин комплимент аст ё воқеан , самимист ё аз рӯйи  таоруф ин масъалаи дигар аст.

Вале истифодаи ноҷои ин сифатчинӣ ё расонидани он ба дараҷаи муболиғаву иғроқ, воқеан касро мушавваш месозад.

Нафаре як каси дар журналистика навроҳеро бе ягон хиҷолат “журналисти номдор ва ё шинохта” менависад ин ҷову ман аз фикру андашаро мемураму ӯро намешиносам.

Шояд бигӯед, ки хайр чӣ бадӣ дорад? Дорад. Зеро дар мавриди навиштан дар бораи як журналисти воқеан номдор, пас мо чӣ  бояд нависем?

Ӯро ҳам бо ҳамин сифатчинӣ муаррифӣ созем? Пас, чӣ фарқ дорад, ки яке умр сарфи номдор шудан кардаву дигаре бо як мақола бо ӯ баробар карда шуда.

Ин ҳам аз ҷониби як рафиқаш ё нафаре, ки худ намедонад  журналистика чист?

Ин як мисоле буд, ки онро дар бораи шоирон, олимон, сиёсатмадорон ва як ҷавони навроҳае баробар метавон истифода кард.

Аниқтараш  мекунанд.

Гоҳо ашхоси донишманд ба шеъре баҳо медиҳанду аз вожаҳои дар ин маврид  мувофиқ истифода  мекунанд. Пагоҳаш шахси каммутолиае онро зери як “шеър”- и бевазну қофия ё каммазмуну сабук мегузорад.

Дар ҳоле, ки эҳсос мешавад , ки мазмуни ин калимаҳоро худаш намедонад.

Таърифҳои бепоя ва пурдурӯғ ҳеҷ гоҳе ба манфиати касе буда наметавонад. Он хоҳ ба шоҳ гуфта шуда бошад, хоҳ ба гадо.

Чунин сифатчиниҳои  бемавриду хасакӣ ва холӣ аз ҳақиқатро дар зодрӯзҳо ва ё  комментҳои бошандагони ин фазои бесоҳиб  мебинаму андешае домангирам мешавад, ки ин фазо бояд  хеле тоза бошаду пурмазмун.

Зеро он барои аксари мо чун як “беморӣ” гаштаву дигар бе он дилтанг  мегардем.

Пас, месазад, ки мо дар навиштан ва баҳо гузоштан оқилу одилу воқеъназар бошем.

На ‘саховатманд”- е, ки баҳои осмониву иғроқии мо боиси хиҷолат касе гардад ё ҷавонеро “аз худ равонад”.

Сифатчинӣ каме муболиғаро таҳаммул мекунад, вале иғроқ мазаашро гум мекунад.

Соҳибмутолиа бошем, то гуфтаву навиштаамон боиси хиҷолатамон нагардад.

Чӣ гуфтед?

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *