Илм ва фарҳангСиёсатТоҷикистон

22 ИЮЛ БАРОИ ҲАМЕША РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БОҚӢ МЕМОНАД!

22 июли соли 1989 як санаи таърихӣ аст. Зеро маҳз он рӯз дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд ва тибқи он  забони тоҷикӣ  мақоми давлатиро гирифт.

Салими Аюбзод дуруст менависад:

“Аввалин гирдиҳамоии тоҷикон дар соли 1989 на барои истеъфои касе буду на барои мансаб додан ба касе, балки барои забони модариашон. Онро ду устоди донишгоҳ ва як корманди фабрикаи пойафзол ташкил карда буданд (омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленини Барот Мақсудов ва Ҷумъахон Исоев,  коргари фабрикаи пойафзоли шаҳри Душанбе Сафари Мастонзод – РМ). Масъала барои ҳар тоҷик муҳим буд ва ҳамаи онҳоро ба ҳам васл мекард. Нуқтаи олии ваҳдати миллӣ. Президенти вақти кишвар ё Раиси президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Ғойибназар Паллаев ба минбари ин тазоҳурот баромадаву бо мардум радду бадал карда буд. Вай ваъда дода буд, ки талаби тазоҳуркунандагонро ба ҷо хоҳад овард ва ба ваъдааш вафо ҳам кард. Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ таҳти сарварии ӯ, ба рағми ҳамаи душманиҳои худу бузург, ба забони форсии тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд.

Ин хабар дар ҳамон рӯзи 22-юми июли соли 1989 ба саросари олам паҳн шуд ва дар ҳама ҷо ба обрӯ ва эътибори тоҷикон афзуду ҳатто пас аз солҳо низ дар хориҷ аз кишвар одамон суол мекарданд, ки ин чӣ рӯйдоде буд. Тоҷикон аввалин мардуме дар ҳамаи Осиёи Марказӣ буданд, ки барои забону фарҳанги худ ба майдон баромаданд….То ҷое ки ман медонаму шоҳид будам, чеҳраҳои зиёде дар қабул шудани Қонуни забон ва иҷрои он талошҳои зиёд ба харҷ додаанд, ки метавон бархеро ном бурд. Инҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Акбари Турсон, Адаш Истад, Тоҳири Абдуҷаббор, Мазҳабшои Муҳаббатшо, Нур Табаров, Сафар Абдуллоҳ,Бозор Собир, Абдурофеъ Рабиев, Алимуҳаммад Муродӣ, Шарофиддин Рустамов, Барот Мақсудов, Ҷумъахон Исоев, Мирбобои Мирраҳим, Оиша Ҳомидова,Имомназари Холназар, Шамсиддини Насриддин, Зафар Нозим, Ғойибназар Паллаев, Ҳаёт Неъмат, Абдунабӣ Сатторзода, Сафари Мастонзод, Уктами Холиқназар, Валӣ Самад, Ҷумъабой Азизқулов, Фатҳиддин Сироҷов, Абдуқодир Холиқзода ва дигарону дигарон, ҳазорон нафари дигар, ки агар Шумо, хонандаи арҷманд мехоҳед, исми шарифи онҳоро ин ҷо илова кунед”

Дар маҷмӯъ бист сол, аз соли 1989 то соли 2009, дар Тоҷикистон 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд ва ин мантиқиву аз рӯи адолат ҳам буд.

Аммо баъд, Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамон тавре менависанд, “бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” – ро қабул кард. Он ба 5 октябри (рӯзи таваллуди Эмомалӣ Раҳмон) соли 2009 рост омад.

Ҳамин тавр, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябрро – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон намуд.

Иди номус, иди ворастагӣ, иди худшиносӣ, иди ғалаба – Иди забон, ки барои ҳамеша 22 июл боқӣ мемонад, муборак, азизон!

Баргирифта аз саҳифаи «Ахбор барои афкор».

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *