СиёсатТоҷикистон

Абдуллоҳ Ғурбатӣ: “Ту худат киӣ?”

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигор

Охирон бор вақте ки ин суолро аз ман пурсиданд, мутаассифона фурсат надоданд, ки посух бигӯям. Инҷониб фикр мекунам, ин пурсиш дар ҳақиқат ҷой дошт ва ҷавоб мехост. Ҳарчанд, мухотаби ман он шаб ҷойи торикро барои “пурсидан” интихоб карду онро на дар рӯ ба рӯям, балки, аз пуштам, нохост ва бо зарбаи сахт равона кард. Баъди хуншор кардани сару рӯи ман саромема гурехтанашон нишона аз он буд, ки ҷавоберо интизори шунидан набуданд. Ба ҳар сӯрат суоли оншаба фикр мекунам бисёр муҳим аст ва аз рӯи адолат нест, ки онро беҷавоб гузорам.

Ва бале, ман худам кистам?

“Навдаи тари ниҳоли лаби тереза” ки солҳои аввали донишҷӯӣ як муаллим ба он ишора карда мегуфт, ки метавонанд сода маро бишкананд?

Он муаллим маро бубахшад, ки ҳарфашро ҷидди нагирифтам.

Давоқеъ, ба пиндори ман, эътирозҳои ночизи мо дар донишгоҳ бар зидди билети маҷбурии театру кино, пули таъмир, “бейдҷик” ва ҳимоят аз пушидани ҷуроби сафед на ‘рафтан ба муқобили кадом як “система”, балки, ҳимоят аз кӯчактарин озодӣ ва ҳуқуқҳои фитриямон буд.

муқобил?

Шояд он “душмане” ҳастам, ки ду соли қабл дар долони утоқи шуъбаи амнияти шаҳрӣ он КГБшник ба ман шарт гузошт. “Ҳар ки ки бо мо нест душмани мост.!”

Ҳамчуноне ки ба он корманди он ниҳод гуфтам, ман як донишҷӯи соли дуввуми риштаи рӯзноманигориям, ки тоза ба дарки арзишҳои пешаам расидам ва ин арзишҳо маро намегузорад мухолиф ё мувофиқи касе ё гурӯҳе бошам. “Ман ба ҳеҷ вааҷҳ душмани шумо нестам, вале бо шумо ҳам.”

“Хоин”?

Ва ё бо ин ҳама эътиқоди ман, ки дар истифодаи ин калимаҳо боэҳтиёт бошему онҳоро хурдаву суфта накунем, шояд ба гуфтаи гурӯҳи ‘нонхуракон’ хоину ватанфурӯшу ношукру носипос бошам, ки фикр мекунам “корвони кӯмакҳо ба табибон” бояд ҳатман ба худи табибон тақсим шавад. Беш аз ин, қабл аз “кӯмаки башардӯстона” аввал маоши семоҳаи табибон ва шароити кори онҳоро фароҳам шавад.

Вале ҳамоно, “худам кистам”?

Посухи ин суол гоҳе маро ҳам ба андеша мебарад,

Кистам?

Муҳоҷири номуваффақи гурехта аз кори шабонаи боркашӣ?

Донишҷӯи ихроҷшуда аз донишгоҳи олии ба номи А. Рӯдакӣ?

Писари сеюми волидони серфарзанд, ки натавонистам дар синни пирӣ барояшон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам биорам?

Ҷавони танҳову солрафтаи кӯзапушти зидагизадаи диқу нафасгиру қавоқӣ? Сиёҳи офтобзадаи пустсухта ва табиатан камрангу қадпасту безеб?

Ҳар субҳ ки аз хоб мехезам дасту панҷа об мезанам ва пеши оина меистам ин суолро аз худ мепурсам:

Ман худам кистам?

Баъди сукути бардавом ба ёд меорам, ки ба сабти гузориши имрӯза дер мекунам.

Аммо ҳоло ки дарди муштҳои он шаба аз сару рӯйи ман рафтаву ҷояш ҳамвор шуда он суол дар ёд монда, ки ҳоло ҳам фикр мекунам ҳаққи будан дорад.

Ва аз ростӣ, ман сахт мехостам ва ҳоло ҳам мехоҳам ба он посух нависам, аммо ҳеҷ дастам намерасад ва агар гоҳе ҳам мерасад боз ҳам як садо аз дарун ба ман мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ бо гап посух надиҳам, балки хомӯш, бе садо, бо амал!!!

P.S Ин навишта хеле дарҳаму печидаи як соли пеш аст, ки шояд касе ҳам онро нафаҳмад. Вале фикр кардам шояд ба баъзе чизҳо рушанӣ афканад, агар не, барои зоеъ кардани вақтатон узр мехоҳам.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *