Илм ва маорифМусоҳибаОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

АГАР ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН ИДОМА ЁБАД…( ДИДГОҲ)

Толибон пас аз 20-сол боз бар Афғонистон фармонраво шуд. Ҳукумати муваққате нест ва тағйире дар вазъияти падидомада то ҳол эҷод накардааст. Ин гурӯҳ дар манотиқ волиҳои худро муаррифӣ мекунад ва курсиҳои ҳукумати ҷадиди худро пур карданист. Панҷшер ва чанд вулусволии ҳамсояи он, ки бо сарварии фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи ҷиҳоди Афғонистон, нерӯҳои муқовимат бар зидди ҳаракати Толибон ҷамъ овардаанд, бино бар иттилои хабаргузориҳо, ба мусолиҳат ва гуфтушунидҳо майл доранд. Аҳмад Масъуд бо он ки нерӯҳои муқовиматии лозимаро дорад ва Толибон бо он ки ин вулусволиҳоро дар иҳота қарор додаанд, ба ҳам ба набард ворид намешаванд.

Ва ин ки Толибон ҳама озодиҳои маданиву маънавиро таъмин хоҳанд кард ва он чи саронашон ваъда медиҳад, ба таври комил татбиқ хоҳанд намуд, ё на, рӯшан нест. Вале ин гурӯҳ талош доранд, тарси 40-солаи дар афкори афғонон ҷо шударо тоза кунанд ва саронашон ба он чи ки дар 20-солаи пеш мухолифат намуда буданд, имрӯз ҳамраъйии хешро баён медоранд. Ҷаҳон ба ин тарзи ҳаракат ва чунин пеш омадани Толибон ҳайратзада гаштааст ва мамолики абарқудрат низ таваҷҷӯҳе хос зоҳир кардаанд. Гумони ғолиб бар он аст, ки ин гурӯҳ дар Афғонистон ҳукуматронӣ хоҳад кард.

Лекин, далоили сиёсӣ ва низомии дастёбии Толибон дар кӯтоҳтарин муддат бар саросари Афғонистон чи буд? Далоили сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоии шикасти тоҷикон, узбекҳо, ҳазораҳо дар ин ҷанг чист ва ояндаи сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷикон дар низоми толибонии Иморати исломии Афғонистон чи гуна хоҳад буд? Асару таъсири пирӯзии Толибон бар вазъият дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояаш пешбинӣ шуданист ва равобити низоми толибонии Иморати исломии Афғонистон бо Тоҷикистон чи тавр сурат хоҳад гирифт?

Қодири Рустам, адиб ва таҳлилгари варзидаи тоҷик, дар суҳбат ба мо ин гуна ибрози андеша кард:

— Далоили сиёсӣ ва иҷтимоии тасаллути таҳарруки Толибон аввалан ҳукумати заиф ва фасодзадаи Ашраф Ғанӣ буд ва баъдан рақобати абарқудратҳо ва ҳамсояҳои Афғонистон — Амрико, Инглис ва Покистону Арабистони Саъудӣ — аз як сӯ ва Русия, Чин, Эрон ва Ҳинд — аз сӯи дигар;

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки ин ду гурӯҳ то ҳадде шартӣ аст, онҳо дар баробари манофеи гурӯҳӣ, ҳар кадом манофеи миллии худро низ дар Афғонистон доранд. Ҳукумати Ғанӣ дар тамоми муддати фаъолияти хеш ҳукумати мунсаҷим ва муттаҳид набуд: раҳбарони миллӣ пайваста байни ҳам рақобат ва мухосимат доштанд. Ва низ ба ҷойи тақвияти иқтисод ва артиш ва ба ин васила ҳалли масоили сиёсиву иҷтимоӣ, баръакс ба фасоди молӣ ва дуздии ёриҳои молии байналмилалӣ машғул буданд. Ин аст, ки аз пуштибонии густардаи мардум маҳрум гаштанд. Ва авлавиятҳои арзишҳои қавмӣ ва манофеи инфиродӣ боис бар ин гардид, ки гурӯҳе аз саркардаҳои низомӣ низ шаҳру вилоятҳоро ба Толибон фурӯхтанд.

Бояд таъкид кард, ки дар чанд соли охири ҳукумати Ашраф Ғании шовинисти пашту низ тоҷикон дар идороти кишвар мавқеъи чандоне надоштанд, ҷойгоҳи солҳои қаблии худро ба сабаби низоъҳо ва рақобатҳои шахсӣ ва гурӯҳиашон, назири душмании нухбагони сиёсии пашту бо тоҷикон, аз даст дода буданд. Вале ба ҳар сурат, ки буд, садои эътирозашон ба гӯш мерасид. Кунун метарсам дар ҳукумати Толибон ҳамин садо ҳам хафиф хоҳад шуд.

Албатта, Толибон маҷбур хоҳад буд, чанд мақоме ба намояндагони ақвоми дигари Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон бидиҳад; аммо ин мақомҳо кори муассире аз дасташ бар нахоҳад омад; ва ҷойгоҳи забони форсӣ ва фарҳанги эронии тоҷикон тангтар ва маҳдудтар хоҳад шуд, мутаассифона.

Вале, гумон намекунам, толибҳо дар андешаи ҳуҷум ба кишварҳои ҳамсоя ва аз ин тариқ интиқол додани идеологияи хашини исломии худ ба кишварҳои Осиёи Миёна бошанд. Онҳо мехоҳанд ҳукуматашонро дар Афғонистон тақвият ва таъмиқ бахшанд ва ба манфиати худашон нест, ки мухосимат ва ба хусус, рақобати низомӣ бо ҳамсояҳо дошта бошанд.

Вале агар ҳукумати Толибон идома ёбад (ки мутаассифона, ба назар мерасад, чунин хоҳад буд) ва агар абарқудраҳо ва кишварҳои бузурги минтақа — Амрико, кишварҳои урупоӣ, Русия, Чин, Эрон ҳукумати минбаъдаи Иморати исломии Афғонистонро ба расмият бишиносанд (ки мебинем аз ҳоло заминасозӣ мекунанд), Тоҷикистон низ маҷбур хоҳад буд, онро расман эътироф бикунад ва бо Афғонистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ дошта бошад. Ва барои ин амр ниёз ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва боз будани роҳҳои тиҷоратӣ хоҳанд дошт. Чунончи тарҳи бузурги интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон аз тариқи Афғонистон мегузарад ва бидуни иҷозаи ҳукумати Афғонистон ин амр иҷрошуданӣ нест ва ҳамчунин, худи Афғонистон низ яке аз бозорҳои муҳимми фурӯши барқи Тоҷикистон аст. Новобаста аз ин, аз ҳар сӯи дигар пайванде миёни ин ду кишвар хоҳад буд.

Вале таъсири тасаллут ва ҳукумати онон бар Афғонистон бештар таъсири равонӣ бар ҳамфикронашон дар кишварҳои минтақа, бахусус Тоҷикистон хоҳад буд. Ба ин маъно, ки пирӯзии таҳарруки Толибон дар Афғонистон «толибон»-и тоҷикро, ки мутаассифона, шуморашон зиёд аст, рӯҳбаланд мекунад… Мо бояд бештар ба ин амр таваҷҷуҳ бикунем ва аз тавсиаи андешаҳои хашини толибонӣ дар кишвар ғофил набошем. Дурандеш будан бар нафъи кишвари мо ва миллати тоҷик хоҳад буд.

М. Наҷибӣ

http://farazh.tj/habari-ruz/agar-hukumati-tolibon-idoma-jobad/

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *