Осиёи МарказӣСиёсатФасод

Аскар Акаев пас аз узрхоҳӣ барои иштибоҳҳояш дар қазияи “Кумтор” ба Маскав баргашт

Президенти собиқ Аскар Акаев, ки барои шаҳодат додан дар парвандаи Кумтор ба Қирғизистон омада буд, ба мардуми Қирғизистон муроҷиат намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дур будан аз Ватан ва мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар атрофи Кумтор, бахусус чораҳои қатъӣ пас аз рӯйдодҳои моҳи октябри соли 2020, наметавонист дар канор истад.

“Сарфи назар аз он, ки дар Қирғизистон маро таъқиб мекунанд ва ба рӯйхати ҷустуҷӯ қарор додаанд, ман омадам, ки дар парвандаи Кумтор шоҳидӣ кунам”,- таъкид кард ӯ.

Сарвари пешини давлат гуфт, ки аз рӯзҳои аввали будубошаш дар Қирғизистон ҳар рӯз ба бозпурсӣ рафта, ба муфаттишон шаҳодат медиҳад.

“Ҳамватанони азиз! Ман барои хатогиҳоям дар лоиҳаи Кумтор, ки манфиатҳои Қирғизистонро ҳимоя карда натавонистам,  аз мардум самимона узр мехоҳам”,- гуфт Аскар Акаев.

Ба гуфтаи Президенти пешин, пас аз имзои созишномаи умумӣ дар бораи Кумтор дар соли 1992 ҷониби Қирғизистон бар зарари манфиатҳои миллӣ гузаштҳои зиёде кардааст.

Аскар Акаев пас аз бозпурсӣ аз ҷониби КДАМ  рӯзи 8 август ҳамроҳ бо фарзандаш ба Маскав баргашт.

Ёдовар мешавем, ки Аскар Акаев 2 август барои ҳамкорӣ бо  тафтишот дар парвандаи Кумтор ва посух гуфтан ба саволҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Бишкек парвоз кард.

Аскар Акаев аз соли 1991 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Дар соли 2005, вай пас аз як эътирози мардумӣ ва “Инқилоби лола” кишварро тарк кард.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *