АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистонҶаҳон

Аҳмад Масъуд Русияро аз хатари Толибон ҳушдор дод

Раҳбари муқовимати Афғонистон, писари шери Панҷшер Аҳмад Масъуд Русияро аз густариши мафкураи ифротгарои Толибон (созмони террористии дар Тоқикистон мамнӯъ ) дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Дар ин бора  РБК хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, мафкураи тундрави Толибон  тамоми минтақаро таҳдид мекунад. “Пас аз он ки Толибон Кобулро ишғол карданд, мо дидем, ки чанд гурӯҳи террористӣ дар саросари ҷаҳон онҳоро табрик карданд ва бо ишора ба онҳо ба сифати намуна  ба аъзои худ маслиҳат доданд, ки   онҳо низ метавонанд  ингуна як пирӯзиро ба даст оранд” ,- гуфт Аҳмад Масъуд.

Раҳбари муқовимат бовар дорад, ки ин боиси пайдоиши бештари гурӯҳҳои террористӣ мешавад. Ба андешаи ӯ агар ин  мафкураи тундрав дар Афғонистон реша давонад, он дар саросари Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия густариш   хоҳад ёфт.

Қаблан Масъуд аз Русия даъват карда буд, ки барои ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон кумак кунад. Аз назари ӯ, мақомоти Русия метавонанд Толибонро бовар кунонанд, ки бо муқовимат ба музокироти сулҳ оянд.

Владимир Путин имрӯз зимни як нишасти хабарӣ  гуфт, ки Русия   масъалаи Афғонистонро кори дохилии ин кишвар   медонад ва ба он мудохила нахоҳад кард.

Вилояти Панҷшер 17 август ба маркази муқовимат ба Толибон табдил ёфт. Сипас ноиби президенти собиқи Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба нерҳоӯои  таҳти назорати  Аҳмад Масъуди хурдӣ пайваст. Вай эълон кард, пас аз фирори раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ  мутобиқи Сарқонун ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *