АхборИлм ва маорифТоҷикистон

БАЗМИ ШЕЪРИ БУЗУРГМЕҲР ҶАШНИ «ҶУМҲУРИЯТ» АСТ!

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ

Ҳарчанд бо ин андеша, ки шеъри имрӯзи тоҷик гирди номи се Бузургмеҳр мечархад розӣ наям, бояд иқрор шуд: ин се ҷавони шўридадил ба чаманистони адаб накҳату таровати хосе оварданд. Ҳар кадоме бо шеъри хонданиву образҳои дар ёд монданияшон худро ба хонанда ба таври дигар муаррифӣ кардаанд. Хосса Бузургмеҳри Баҳодур.

Хонандаи тоҷик ин шоири наврўро аз байни дигар Бузургмеҳрҳо тавассути сухани ноб, услуби хоси баён, ифодаву ибораҳои муҷаз, образҳои хотирмон ва тасвирҳои зебояш шинохт. Исми дафтарҳои шеъраш низ баёнгари қисмати шоиронаву ифодагари эҳсосоти отифааш ҳастанд. Ӯ бо турнаҳо бол бароварда, ба сӯи чаманистони шеъри ҳамешабаҳори тоҷику форс роҳ пешгирифтааст. Дар ин роҳ ҳам ҳавову ҳаваси шоирӣ шикасту ҳам шаҳди муваффақият чашиду ҳам заҳри рашку ҳасадро. Биноан, холисона, бояд иқрор шуд, ки «Баҳор овардан осон нест». Ҳарчанд ки, дар воқеъ, баҳор овардан осон нест, ӯ чаман-чаман шукуфаҳои умедро дар қалби муштоқони ашъораш шукуфон намуд. Бештар аз ҳама, устодону дӯстону мухлисонаш мутмаин гардиданд, ки ба дунёи шеър Бузургмеҳр аз даричаи ҳавову ҳавас ворид нашудааст. Чун соғари илҳомаш саршор аз майи ишқу ирфону паймон аст, садои он ба андалебони ҳунар ҳамовоз гардиду садо баланд намуд.

Бо ин асарҳо шоири ҷавон хонандаи хушзавқу заршиноси худро ёфт. Охири садаи гузашта фоҷиаи ба сари мо омада ҳамаро «шоир» кард. Ва ин тозашоирон башиддат хонандаи худро меҷустанд. Акнун, ки замону ҷаҳон дигар шудааст, хонанда шоири худро меҷўяд. Хонандае, ки даҳ сухангўи сазоворро интихоб карда бошад, хушбахттарин инсон маҳсуб меёбад.

Хушбахтона, Бузургмеҳр мураббиёне надошт, ки барои як-ду рўз ва аз ду-се шеъри ҳавасакиаш мувофиқи мақсаду завқу салиқаи худ шоир сохтанӣ шаванду аз дасташ гирифта, ўро тавсифкунон ба нашрияҳову рўзномаҳо раҳнамоӣ намоянд. Баръакс, ба коргоҳи адибоне афтод, ки ба сахтгирӣ машҳур буданду шеъру шоириро рисолати азиме қоил мешуданд. Шояд бурди шоир низ дар хамин бошад, ки ў дар такя ба танҳоии худ зиста, бори андешаҳояшро ба дўши ҳунари хоксоронааш мардонавор мекашад ва дар ин ҷодаи пуршеб ҷуз аз худ, аз касе ёриву мадад намеҷўяду танҳо пушти истеъдодаш панаҳ мебарад.

Шеъраш хонданиву дар ёд монданист. Хонанда ин шоири навҷўро аз байни дигар муаллифон тавассути суханаш, ки хоси худаш аст, шинохт.

Ишқи шеър, ки бо шири модар ба ӯ гузашта, ҳамвора дар вуҷудаш ҷорист. Асарҳояш, ки бо теъдоди на чандон зиёд нашр шудаанд, бенигоҳу бегувоҳу бенишон намондаанд. Сухансанҷон аз рўи ихлосу инсоф дар доираи худ ба шеъраш баҳои шоиста ҳам доданд. Инак, китоби шеърҳояш ба забони ӯзбекӣ низ таҳти унвони «Марҳабо ёғурлик» ба дасти чоп расид.

Яке аз устодони Бузургмеҳр барҳақ фармудааст, ки «шеър, пеш аз ҳама, фарёди ниҳону дарди хусусист». Агар аз ин зовия ба ашъори бародари азизи мо нигарем, шеърҳои ба мардуми ҷангзадаи афғон ва ҳодисаҳои дигари гоҳе мудҳиши замон бахшидааш намунаи хуби инъикоси мавқеи шаҳрвандиаш дар шеър мебошанд. Барҳақ, ҳама чизи бузург дар асл сода аст. Шеъри соданамои Бузургмеҳр бозгӯи бисёр дардҳои ҷомеа ва аламҳои афроди ҷудогонаи онанд.

Пайваста дар омӯзиш аст, зеро хуб дарк карда, ки шеър ба ғайр аз шўру шааф донишро низ талаб дорад. Бузургмеҳр дар дунёи шеър бо мадори худи шеър зиндагӣ мекунад. Ӯ аз он шеър мегўяд, ки нагуфта наметавонад! Ӯ аз он шеър мегӯяд, ки дар муҳити шеъру сухани воло кору зиндагӣ дорад: дар муҳити «Ҷумҳурият»! Аз номи роҳбарияти рӯзнома ва ҷамъи рафиқону ихлосмандонаш нахустбазми шеъри шоирро барояш муборакбод гуфта, бо ифтихор ироа медорем: «Базми шеъри Бузургмеҳр ҷашни «Ҷумҳурият» аст!»

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *