Осиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Ба МАНҚУРТҲО дар Ҳукумати Тоҷикистон!!! (Вокуниш)

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор ва фаъъоли ҷамъиятӣ

Чанд рӯз пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ оид ба вазъият дар ҷумҳурии ба кишвари мо ҳамсоя – Афғонистон, андешаронӣ карда, барои таъсиси як ҳукумати дар воқеъ умумимиллӣ ва шомил шудани намояндагони ҳамаи ақалиятҳои миллӣ дар Афғонистон дар ҳукумати ояндаи ин кишвар пешниҳодоти худро баён доштанд.

Ҳамин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ҷониби тоҷикистониён, балки аз сӯи тоҷиктаборони Афғонистон ва ҳатто мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, мавриди истиқболи гарм қарор гирифт.

Аммо…

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аксари сиёсатматдорони пуштунтабору тоҷикбадбин дар Афғонистон сахт нафорид, агарчанде то ба ҳол ягон нафар аз намояндагони гурӯҳи толибон ба ин изҳорот вокуниши расмӣ нишон надода бошад ҳам, вале Гулбиддин Ҳикматёр гуфтани бо ном сиёсатмадори пуштун, ки дар асл як ватанфурӯш ва ҷосуси хадамоти таҷассусии Покистон ва чанд кишвари дигари ғарбие беш нест, дар хутбаи намози ҷумъа дар ш.Кобул дар мазҳари ом дар хитоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт:

“…ғами тоҷикони худро, тоҷикистониёнро бихӯред. Мушкилоти онҳоро ҳал кунед. Ҳуқуқи ақаллиятҳоеро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, риоя кунед. Номи кишвар Тоҷикистон ҳаст, вале дар онҷо ақаллиятҳо ҳастанд. Пурсида шавад, ки дар ҳукумати Шумо чанд узбак ҳаст? Аз ақаллиятҳои дигар чӣ қадар ҳузур доранд?”

Пас аз ин изҳороти Гулбиддин Ҳикматёр ана дигар саршудеее…

Дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби рӯзноманигорону шоирону сиёсатмадорону афроди огаҳу ноогоҳи тоҷикистонӣ сели ҳақорату суханони пастзанандаи шаъну шараф нисбат ба Ҳикматёр то ба ин дам нашр шуда истодааст.

Рости гап, хеле сабр кардам, гуфтам шояд касе пайдо мешаваду бидуни таассуб, бетаҳқир ба ин ватанфурӯш, душмани миллати тоҷик, ин паштуни бодиянишин бифаҳмонад, ки дар Ҳукумати Тоҷикистон асли ҳол чигуна аст…

Вале…

Гӯё ҳама муаллифон зомбишуда бошанд, маводҳои нашр мешуда аксаран якранг, таҳқиромез ва ба шахсияти Гулбиддин Ҳикматёр расанда ба назар мерасанд, на посух ба суолоти ироа кардаи ӯ.

Дар ҳоле, ки новобаста ба кӣ буданаш, ҳар кас ҳуқуқи суол кардан ва ибрози андешаи худро доранд, пас чаро ҷомеаи дар истилоҳ мадании Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҷои посух додан, даст ба ҳақорату дашноми Гулбиддин Ҳикматёр мезананд? .

Чаро касе ёфт нашуд,  ки ба ин тоҷикбадбин бифаҳмонад, ки Ҳукумат дар Тоҷикистон, агарчанде Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошта бошад ҳам, дар он пур аз мардуми қавму қабилаҳои ғайритоҷик фаъолият мекунанд. Албатта, аксари он вазирону раисони кумитаҳо дигар миллати худро лаққай, қарлуқ, қунғурот ва ғайра намегӯянд, чунки дигар онҳо “тоҷик”-анд. Ончунон аз ифтихори миллӣ ва тоҷик буданашон ҷор мезананд, ки касе надонад, мегӯяд аз инҳо дида дар рӯи дунё тоҷиктар тоҷике нест…

Лекин…

Вақте коратон ба ватани бобогии ин тоҷикшудагон биафтаду аз номи падару бобоёнашон пурсоншавед, номи ҳамаи ниёгонашонро ҷарту парту қулу ғулу балову бадтари шакли номҳои ғайриточикро ба ёдатон меоранд…

Аслан, худи ман миллатчӣ нестам, намояндагони ҳамаи миллатҳоро дӯст медорам ва эҳтиром мекунам, вале вақте гап дар бораи нангу номӯси миллӣ меравад, ҳаргиз хомӯш буда наметавонам.

Чаро вақте як саги касиф ба мисли Гулбиддин Ҳикматёр санги маломатро ба сари давлати Тоҷикистон мезанад, ки “шумо худатон миллатгаро ҳастед, чаро ақалияти узбектаборонро дар ҳукумататон роҳ намедиҳед(мазмунан овардам)” касе аз ҳамон МАНҚУРТҲО-и имрӯз дар Ҳукумати Тоҷикистон “тоҷик” шуда, чизе намегӯяд?

Агар худи онҳо инқадар аз қабила ва ё миллати худ шарм медоранд ва ё нафраташон меояд, ки худро қарлуқу барлосу қунғуроту дигар қабоили туркнажод бигӯянд, магар ин айби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст?

Магар вақти он нарасидааст, ки шумо МАНҚУРТҲО-и дар ҳукумати Тоҷикистон вазифаҳои болоӣ дошта, ба аслу насаби худ баргардед ва ба ин Гулбиддину Туллобу Пуллоб бигӯед, ки шумо дар асл тоҷик нестед, вале чун Тоҷикистон Ватанатон аст, бо ҳар роҳу васила дар ҳукумат шумо ҳам мақом доред, аз дигар тоҷикон дида, мансабҳои болотару баландтареро соҳиб шудаед!!!!…

Замоне худи ман дар як ноҳияи дӯрдаст, дар хонаи як шахсияти шинохтаи кишварамон меҳмон шудам, то он замон умуман гумон намекардам, ки ин фарди зиёӣ, донишманд, ходими калони давлатӣ ғайритоҷик бошад.  Зеро дар ҳар суханаш, баромадаш, маърӯзааш ончунон дар бораи ифтихор аз тоҷику ТОҶИКИСТОНӢ доштанаш бо меҳр сухан мегуфт, ки мани тоҷик шояд дар сухангуфтан миллатамро онгуна васф карда натавонам.

Ба хонаашон рафтем, бо аҳли байташон вохӯрӣ кардем. Танҳо вақте, ки дар хона пайвандонашонро дидам, аз симои зоҳирӣ, либоспӯшӣ ва бо як лаҳҷаи ба ӯзбекӣ монанд байни ҳам сӯҳбат карданашон огаҳ шудам, онгоҳ ман фаҳмидам, ки ин ҳама қофиласароӣ, ҷор задан аз тоҷикбуданҳои он кас, танҳо барои мансаб ва гӯл задани мо тоҷикон будааст…

Хитоб ба МАНҚУРТҲО-и дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда!!!

Агар дар вуҷуди ҳар яки шумо як заррае аз шаъну шарафи инсониатон монда бошад, пас биёед як бор мардона ба ин Ҳикматёру дигару дигараш посух гардонед, бигӯед, ки мана худи шумо, агарчанде имрӯз “тоҷик” шудаед,  дар асл падару бобоёнатон намояндаи фалон қабилаи туркнажод буданд, дар Тоҷикистон касе нисбат ба шумо ва ягон намояндаи қавму қабилаатон ягон навъ табъизро раво намебинад ва имрӯз шумо дар Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси фалон раис ё вазир кору фаъолият доред.

Шояд ин посухи шумо мушти обдоре шавад ба даҳони ин Гулбиддину Ғулбиддину дигару дигараш…

Агар ин корро накунед, нону намаки Ҳукумати Тоҷикистон шуморо кӯр мекунад!!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *