АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Вазири пешини корҳои дохилаи Афғонистон Ҷалолӣ мегӯяд, ки ҳукумати давраи гузаришро роҳбарӣ намекунад

Вазири пешини корҳои дохилаи Афғонистон Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ таъйид кард, ки ҳукумати давраи гузаришро роҳбарӣ намекунад.

Ҷалалӣ дар Twitter  навиштааст: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо паҳн мешаванд, ки гӯё ба ман пешниҳод кардаанд, ки раҳбари ҳукумати давраи гузариш бошам. Ин хабар дуруст нест. Ба ман ин чизро пешниҳод накарданд ва худам низ ба ин таваҷҷӯҳ надорам”.

Ӯ ҳамчунин  даъват кардааст, ки ба изҳороте, ки аз номи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, бовар накунед.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки вазири пешини корҳои дохилаи Афғонистон ва сафири пешини Олмон Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбари ҳукумати давраи гузариши ин кишвар таъин карда мешавад.

Аммо раҳбарони воломақоми Толибон  ба рӯзномаи бритониёии The Times гуфтанд, ки онҳо мехоҳанд дар Афғонистон қудрати мутлақ дошта бошанд ва ба ташкили ҳукумати давраи гузариш розӣ нестанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *