Ахбор

Вазорати молия кумаки шаҳрвандон ба зарардидагони Ворухро шарҳ дод

Вазорати молияи Тоҷикистон кумаки шаҳрвандони кишвар ба зарардидагони низои марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.

Пештар аз ин, 2 август муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар нишасти хабарии ин ниҳод дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигорон оид ба кумак ба зарардидагони Ворух гуфт, ки маблағ ворид нашудааст.

Ин изҳороти мақоми баландпояи вазорат вокуниши шадиди корбарони Фейсбукро ба бор овард. Аз ҷумла рӯзноманигор ва масъули гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” Раҷаби Мирзо бо нашри як расид навишт, ки ба ин суратҳисоб 10 ҳазор сомонӣ гузаронидааст.

Шоми 2 август ин ниҳод  бо нашри вокуниш гуфт, ки манзури  муовини якуми вазир на  воридоти кумаки шаҳрвандон, балки  кумаки  ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба  суратҳисоби зарардидагони ин низоъ будааст.

“Вале, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб 206 526,67 (дусаду шаш ҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст, ки он аз рӯи таъинот истифода карда мешавад”, – омадааст дар изҳороти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки бар асари даргириҳои низомӣ миёни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон 28-29 апрел аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо нафар захм бардоштанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *