АхборСиёсатҶаҳон

Горбачёв созмондиҳандагони кудатои соли 1991 -ро масъули фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ донист

Президенти пешини Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки бештари масъулияти суқути ИҶШС бар дӯши созмондиҳандагони “Кудатои августӣ” -и соли 1991 аст.

Дар ин бора 18 август Интерфакс бо истинод ба изҳороти Горбачёв дар остонаи сисолагии кудатои соли 1991  хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Президенти пешини ИҶШС, пас аз табаддулоти ноком иштироккунандагони он борҳо  “фарзияи ин “рӯйдод”- ро тағир доданд, аммо, ба гуфтаи Горбачёв, далелҳои парвандаи Кудатои августӣ (ГКЧП)  -ро тафтишот муайян кардааст.

“Табаддулот ноком шуд, аммо он мавқеи Президенти ИҶШС -ро мураккаб ва заиф кард ва шароит фароҳам овард, ки дар он идома додани саъйҳо барои ҳифзи Иттиҳод бениҳоят душвор буд”,-  гуфт ӯ.

Горбачёв инчунин қайд кард, ки сарфи назар аз он, ки ҷумҳуриҳои узви Иттиҳод эъломияҳои истиқлолият қабул карданд, ба ақидаи ӯ, барои нигоҳ доштани ИҶШС он замон имконият вуҷуд дошт.

“Аммо, дар моҳи декабр зарбаи дуввум зада шуд: тавтиаи Беловежии раҳбарони Русия, Укроин ва Беларус  аз қатъи мавҷудияти ИҶШС хабар дод. Созмондиҳандагони кудато кӯшиш карданд, ки худро сафед кунанд  ва мегуфтанд, ки онҳо мехостанд кишварро ҳифз кунанд, аммо оқибатҳои моҷарои онҳо фалокатбор омад. Онҳо ҳиссаи бузурги масъулияти суқути кишварро бар дӯш доранд. “, – илова намуд собик президенти ИҶШС.

Ёдовар мешавем, ки рӯйдодҳои сиёсии 18-21 августи соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмулан “кудатои август” номида мешаванд ва мақомоти онвақтаи шӯравӣ онро ҳамчун кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби аъзои Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодда  (ГКЧП) арзёбӣ карданд . Аъзои  Кумитаи давлатии Ҳолатҳои фавқулодда  (ГКЧП) кӯшиш карданд, ки Горбачёвро аз қудрат дур кунанд ва курси сиёсии ӯро тағир диҳанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *