СиёсатТоҷикистонФасодҲуқуқи башарҶомеа

Гули ЗАРД: “РАИСИ БЕПАРВО !!! Ё ВАЗИРИ ВАЪДАХИЛОФ ???” (Вокуниш)

Гули Зард, рӯзноманигор, блогнавис ва фаъъоли ҷамъиятӣ

Мирзозода Мусо, наход заррае раҳм ба ҷони мардуми диёри хеш надоред!?

Ба ҷое, ки дар чунин ҳолати ногувор канори онҳо рост бошед, Шумо чӣ тавсия додаед !?

Ягон сарпараст ёбеду мактабатонро худатон созед..!

Кадом САРПАРАСТ !?

Аз куҷо !?

Кӣ ба ҷои мову Шумо ин Ватан ва рустои дурро обод хоҳад кард !?

Буҷаи давлат барои чист !?

Вазорати илм ва маориф ин қадар маблағҳоро ба куҷо сарфу харҷ менамояд !?

Оё пеш аз имзо гузоштан ба номаи ҷавобӣ ба муроҷиати  мардуми чашминтизор, лоақал бо мӯҳтавои он ҷавоб ба сокинони деҳот шинос шудед?

Ин ошнобозӣ ва “через-через”-у   “тағобозиҳо” то ба кай !?

Мардум маҳз аз ҳамин гуна рафтор дилгир шудаанд. Чаро ҳақи ҳалоли бархеро бояд дигарон соҳиб шаванд !?

Инҷо метавонам 42 саволи пай дар пай ба Шумо ҷанобони кастюмпуши ” галстукҳо турмуч бастагӣ” пеш оварам ва дар ҷавоб хомӯшӣ ҳукмфармо бошад…

Гумон мекунед халқ ҳама бесаводу беақл ҳастанд !?

Намефаҳманд, ки Шумо бо кӣ, кай ва дар куҷо нақшаи сохтмони мактаби навро кашида, тарҳрезии ба табъи дил намудаед ! ?

Ҳамин аст ғамхории Шумо дар ҳақи мунтазирон ва дармондагон !!!???

Чаро Шумо не, балки ХАЛҚ бояд САРПАРАСТ меҷӯстааст!?

Илтимос, бори дигар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки масалаи ба миён омадаро ҷиддӣ баррасӣ намоед.

Барои онҳое, ки аз ҳолати кор огоҳ нестанд, мақолаи моҳе қалб навиштаамро инҷо илова менамоям : –

НОМАИ КУШОДА БА ВАЗИРИ ИЛМ ВА МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз номи сокинони ҷамоати деҳоти “Қозидеҳ”, деҳаи “Шамбедеҳ”, ноҳияи Ишқошимии ВМКБ.

Номаи кушода ва муроҷиатномаи сарварони 76 оила бо имзоҳояшон ҳафтае қабл ба дасти мо расид. Дар он омадааст, ки : –

Ҳанӯз соли 2010 (ёздаҳ сол пеш!) аз сабаби дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои мактаби №28-и деҳаи “Шамбедеҳ”  кулли аҳолии деҳа ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости сохтмони бинои нави мактаб муроҷиат карда буданд.

Нигаред ба суратҳои дар ҳамин сутур “пост” гузошташуда. Ҳама ҳуҷҷатдалелҳои дар ин матлаб пешовардаро ҳатман замима менамоям.

Дидед? Муроҷиатнома, имзои сокинони деҳа ва ҷавобҳо ба арзу муроҷиати шаҳрвандон бо пуррагӣ дар сутур ҷо ёфтаанд. Ин маънои онро дорад, ки ягон калимаи мо бе асоси воқеъӣ ва бе далел дарҷ нагаштааст.

Дархости истиқоматкунандагони деҳа оиди сохтмони  бинои нави мактаб аз ҷониби ДИП баррасӣ гардида, назорати он ба шӯъбаи дахлдор вогузошта шуд.

Мардуми деҳа аз шодӣ дар куртаҳояшон намеғунҷиданд, охир муроҷиати онҳо бе баррасӣ намонд!

Вазорати маориф ва илми ҶТ таҳти назорат гирифтани супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар ва ҳамзамон сохтмони бинои нави мактабро дар деҳаи “Шамбедеҳ”-и ноҳияи Ишкошим ба ӯҳда дошт.

Ҷонишини Вазири маориф ва илм оид ба сохтмон Усмонзода Фатҳиддин аз вазъи онрӯзаи бинои мактаб дидан намуда, дар ҳақиқат ҳолати садамавӣ ва даҳшатзо қарор доштани биноро тасдиқ кард.

Шояд нафаре ҳайрон монад, ки чаро даҳшатзо!?

Охир Худо накунад, агар девор ё боми бинои мактаб ба болои хонандагон афтад ва ё нобаҳангом чапа шавад! Магар ин даҳшат нест!?

Баъд аз муроҷиатҳои пай дар пай ва бонги изтироб задани сокинони деҳаи “Шамбедеҳ”, ниҳоят зарурати сохтмони бинои нави мактаб аз тарафи роҳбарияти ҳукумати вилоят ва мақомоти маҳал дар ноҳия тасдиқи худро ёфтанд.

Дар ҳамин асно аз ҷониби мақомоти ноҳия ва ҷамоати деҳот дар якҷоягӣ бо намояндагони Идораи замин мавзеъи мувофиқро дар ҳаҷми 1 (як) га. замин интихоб карданд. Тибқи мувофиқа, мебоист дар минтақаи “Рвар” тарҳрезӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ахиран сохтмони фаврии бинои мактаби нав барои хонандагон шурӯъ мегашт. Мутаасифона, таи 11 (ёздаҳ) сол боз ин кор ба таъхир гузошта шуда, ҳолати садамавии бинои мактаби кӯҳна садчанд афзӯдааст. Баъд аз боронгариҳои тӯлонӣ хавфу хатар ба ҷони хонандагон зиёд шуда, волидайн бо тарс мезиянд, ки мабодо фалокате рӯх надиҳад.

Мувофиқи талаботи ё “стандартҳои” пешниҳоднамудаи вазорати маориф ва илми ҶТ мактаб бояд дорои 11 синфхона, утоқи кории директор, хонаи муаллимон, утоқи компютерӣ, китобхона, утоқи фанни химия, утоқи фанни физика, ошхона, ҳоҷатхона, устохона, анбори сузишворӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар лавозимоти зарӯрӣ ва лозима муҷаҳҳаз бошад.

Мардуми деҳа ба ман навиштаанд, ки: –

“Аз муроҷиати охирини мо ба унвони Пешвои миллат 11 (ёздаҳ) сари сол сипарӣ гардидааст!!!

Ба таъхир гузоштани сохтмони мактаби нав дар деҳаи мо муаммои сарбастаеро мемонад ва ҳаллу фасли ниҳоии қазияи мазкур бояд аз ҷониби намояндагӣ ё гурӯҳи кории кормандони агентии зидди фасод (коррупсия), кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Прокуратураи Генералии ҶТ, мутасаддиёни вазорати маориф ва илми Ҷ Т, Кумитаи заминсозӣ ва кулли муассисаву сохтори дахлдор дақиқан таҳти тафтиш қарор гирифта, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мо бо муроҷиатномаи навбатӣ аз таърихи 28.06.2021 ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ – Эмомалӣ Раҳмон мавриди ҳал шудани масоили мазкур номаи пур аз дард ва умедворӣ навиштем. Итминон комил дорем, ки саркарда аз Вазорати маориф ва илми ҶТ то муассисаву ташкилотҳои бонуфӯзи дар боло зикргардида, моро мефаҳманд ва дастгирӣ хоҳанд кард.”

Нусхаи имзои 76 нафар сокинони деҳаи “Шамбедеҳ”-ро инҷо замима мегузорем.

Аз тамоми расонаҳои ахбори омма, Блогерҳои интернетӣ, рӯзноманигорон ва ДӮСТОНАМ ХОҲИШ МЕНАМОЯМ, ки дар паҳн гаштани ин мавод маро дастгирии бевосита намоянд.

Нагузоред, ки рӯзе боми бинои мактаб ба болои хонандагон афтида онҳоро ба ҳалокат расонад. Ё накунад, ки девораш ба болои мактаббачаҳо чаппа шавад…

Мебоист дар боло

S O S  !!!

навишта аз кулли мардуми тоҷик ва тоҷикистониёни азиз, ки дар қаламрави ҷаҳон ба сар мебаранд, ёрии амалӣ ва фаврӣ мепурсидам. Лекин ин корро накардам, чунки барои сохтмони бинои мактаби нав дар деҳаи “Шамбедеҳ” аз ҳисоби буҷаи давлат маблағ ҷудо хоҳад гашт. Аҷаб не, аллакай ҷудо шуда бошад!

Инро акнун фавран муайян хоҳанд кард.

Бо камоли эҳтиром ду карат аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нависанда ва рӯзноманигор Гули Зард – Зардова Гули Давлаталиевна

Бо алам бо дард навиштаам!(((((((((

Ин чӣ намуди корбарӣ, ки супориши Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар ба мӯҳлати ёздаҳ сари сол ба таъхир гузошта шуда, на раиси вилоят ва на раиси ноҳия бо шӯъбаи маорифи вилоят парвое надоранд!!!???

Як олам гуфтании дигар дорам, вале ба доно 1 ишора кофист!

Манбаъ: саҳифаи Фейсбук

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *