Илм ва маорифТоҷикистон

Даргузашти адабиётшинос ва мутарҷими варзидаи тоҷик Ҷумъабой Азизқулов

Шоми имрӯз, 13 август доктори илмҳом филологӣ, адабиётшиноси барҷаста, узви  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Корманди шоистаи  маданияти Тоҷикистон Ҷумъабой Азизқулов дар синни 87 солагӣ аз олам  даргузашт.

Дар ин бора ҷонишини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

Дар бораи сабаби марги адабиётшинос чизе гуфта нашудааст.

Ҷанозаи марҳум  пагоҳ, 14 август, соати 10 аз назди хонаи эшон, воқеъ дар маҳаллаи 82-юм баргузор мешавад.

Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик будааст. Соли 1974 «дар мавзӯи «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Намунаҳои осори СаъдӣСавдоАйнӣЛоҳутӣҲамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст. «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд. Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Қиссаву романҳои В.Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А.Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ.Аҳрорӣ), А.Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О.Гончар, И.Авиҷюс («Бехонумон»), Н.Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я.Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О.Генри, Р.Такур, А.Аббос, Т.Ҷумъагелдиев, В.Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *