АхборҶаҳонҶомеа

Дар Русия дар шабонарӯзи ахир 819 нафар аз бемории COVID-19 ҷон бохтанд

Шабонарӯзи ахир дар Русия 819 нафар бар асари бемории  COVID-19 ҷони худро аз даст доданд, ки ин аз замони оғози ҳамагирӣ як  зиддирекорд аст.

Дар ин бора шабакаи Telegram-и Ситоди фаврӣ хабар медиҳад.

Бори охир ҳадди аксари маргу мир аз COVID- 19 дар Русия  13  август муайян карда шуд, ки  дар як шабонарӯз 815 нафарро ташкил дод.

Дар як шабонарӯзи охир дар Русия 22 144  ҳолати гирифторӣ ошкор гардид. Аксари сироятҳо дар Маскав (2317), Санкт -Петербург (1823), вилояти Маскав (1307) ва дар вилояти Нижний Новгород (544) ба қайд гирифта шуданд. Аз ҳама камтар – дар округи мухтори Ненец (12), округи мухтори Чукотка (15) ва вилояти Магадан (27) сабт гардиданд.

Шумораи умумии ҳолатҳои сироятёбӣ аз оғози паҳншавии беморӣ дар кишвар ба 6 579 212 нафар ва шумораи умумии шифоёфтагон ба 5,867,890 нафар расид.

Тибқи иттилои Ситоди фаврӣ, аз оғози ҳамагирӣ  дар Русия  169,683 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс  дар ҷаҳон зиёда аз 206,2 миллион ҳолати сирояти вируси куруно муайян карда шуда, зиёда аз 4,34 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд.

Сатҳи баландтарини сироят дар Иёлоти Муттаҳида (зиёда аз 36,5 миллион ҳолат), Ҳиндустон (зиёда аз 32,1 миллион) ва Брозил (зиёда аз 20,3 миллион) ба қайд гирифта шудааст. Русия аз рӯи шумораи гирифторони вируси куруно дар ҷаҳон дар мақоми шашум ҷойгир аст.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *