АхборОсиёи МарказӣҶаҳон

Дар таркиши фурӯдгоҳи Кобул чаҳор низомии ИМА кушта шуданд

Дар таркишҳо наздикии фурӯдгоҳи Кобул чаҳор низомии пиёдаи баҳрии Амрико кушта шуданд.

Дар ин бора  The Wall Street Journal хабар медиҳад.

Омадааст, ки сафири ИМА дар Кобул ба кормандонаш гуфт, ки дар ин таркиш чаҳор баҳрии амрикоӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд.

Марги низомиёни амрикоиро Пентагон низ тасдиқ кард, аммо шумораи дақиқи қурбониёнро нагуфт.

Тавре як манбаи РИА Новости дар Вазорати тандурустии Афғонистон қаблан хабар дод, бар асари ин амали террористӣ ҳадди аққал 40 нафар ҷон бохта, зиёда аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар наздикии фурӯдгоҳи Кобул ду таркиш  рух дод: яке аз онҳо дар назди меҳмонхонаи “Барон” , ки тибқи гузоришҳои расонаҳо хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Бритониё ва ИМА дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Таркиши аввалро як нафари интиҳорӣ анҷом дод, сипас мошини бомбгузоришударо инфиҷор шуд.  

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *