Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Дар Туркманистон шаҳрвандон барои саркашӣ аз харидории воксин ҷарима мешаванд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон шаҳрвандон маҷбуранд барои воксини вируси куруно 300 манат (тақрибан $ 86) пардохт кунанд.

Тибқи иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ мардум барои саркашӣ аз воксинзанӣ  ҷарима мешаванд, ба нафақахӯрон бошад таҳдид мекунанд, ки аз нафақа маҳрум ва  хизматчиёни давлатӣ аз вазифа озод карда  мешаванд.

Шаҳрвандоне, ки аз воксинзанӣ саркашӣ мекунанд, ба рӯйхати полис дохил карда шуда, ҳангоми навбат аз онҳо 113 манат (32 доллар) ҷарима ситонида мешавад.

“Вақте навбати ман расид, ман воксин нагирифтам, зеро аз оқибатҳои манфӣ доштани он хавотир будам. Ҳоло барои гирифтани нафақа бояд 113 манат ҷарима ва 300 манат барои худи воксин пул супорам”,- гуфт сокини пойтахт ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳамсуҳбати нашрия бар ин назар аст, ки шаҳрвандони воксиннагирифта зиёданд ва “давлат аз ин ҳисоб  даромади зиёд ба даст меорад”.

Дар вилояти Лебап мақомот ба воксинзании шаҳрвандони аз 75 -сола боло шурӯъ карданд. Пеш аз он, дар саросари кишвар  хизматчиёни давлатӣ, табибон, афсарони полис ва шаҳрвандони  аз лиҳози саломатӣ зери хатар  бемайлон воксин карда шуданд.

Мақомоти Туркманистон исрор меварзанд, ки дар кишвар вируси куруно  вуҷуд надорад. Дар навбати худ, расонаҳои мустақил менависанд, ки COVID-19 дар кишвар муддати тӯлонӣ вуҷуд дошт ва одамони зиёде аз он фавтиданд.

Мавҷудияти вируси куруно дар Туркманистон инчунин бо аломатҳои ғайримустақим нишон дода мешавад. Масалан, ҷасади онҳое, ки бар асари илтиҳоби шуш фавтидаанд, дар бастаҳои сиёҳ аз беморхонаҳо ба хешовандонашон дода мешаванд ва ба кушодани онҳо иҷозат намедиҳанд.

Дар Туркманистон маҳдудиятҳои қатъӣ амал мекунанд ва мардум маҷбуранд ниқоб пӯшанд. Мақомот инро ба таҳдиди “гарду ғубори зараровар” аз баҳри Арал рабт медиҳанд.

Ҳарчанд дар Туркманистон озмоиши вируси куруно вуҷуд дорад, аммо гувоҳиномаҳо бо натиҷаи мусбат оид ба мавҷудияти COVID-19 дода намешаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *