АхборОсиёи МарказӣҶаҳонҶомеа

Дар Эрон COVID-19 дар як шабонарӯз ҷони 588 нафарро мегирад

9 август Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, ки  дар 24 соати ахир дар кишвар  588 нафар  бар асари вируси марговари куруно  ҷони худро аз даст доданд.

Дар ин бора хабаргузории  Mehr News хабар дод.

Вазорати тандурустии Эрон гуфт, ки  дар давоми 24 соати ахир 588 эронии дигар аз сирояти вируси куруно (COVID-19) фавтида, шумораи умумии ҷонбохтагон ба 94,603 нафар расид.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар давоми 24 соати ахир 40,808 ҳолати нави сироят ба  COVID-19 ошкор шуда, 5081 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Эрон қайд кард, ки аз 4,199,537 нафар шумораи умумии мубталоён 3,565,575 бемор шифо ёфтанд ё аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд ва  6,561 бемор дар ҳоли ҳозир  дар шӯъбаҳои эҳё қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ инчунин эълом кард, ки 13 002 245 эронӣ аввалин вояи ваксинаи вируси куруноро  гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин аз сар задани илтиҳоби шуши пайдоиши номаълум дар Вуҳани музофоти Ҳубей хабар доданд. Коршиносон қаблан муайян карда буданд, ки ангезандаи ин беморӣ як навъи нави вируси -2019-nCoV , ки баъдан номи “SARS-CoV-2” – ро гирифт, будааст.

11 марти соли 2020 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамагири вируси курунои  COVID-19-ро эълон кард, ки то он дам ҷони  118 ҳазор нафарро дар 114 кишвар рабуда буд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *