Илм ва маорифОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

ДИДГОҲ: РИСОЛАТИ КАСБӢ ВА РИСОЛАТИ МИЛЛИИ АҲЛИ ЗИЁ ДАР ВАЗЪИЯТИ ҲАССОСИ ИМРЎЗ

Абдуллоҳи Раҳнамо, шоир ва коршиноси масоили сиёсӣ

Ё марзи хатар ва паёми “Толибон” ба зиёиёни тоҷик чист?

ОҒОЗИ 1:

«… ҳатто дар чунин шароити ҳассоси рўёрўии арзишӣ, идеологӣ  ва тамаддунӣ, танҳо ҳудуди 1%-и зиёиёни тоҷик дар фазои иттилоотӣ аз арзишҳо ва манфиатҳои давлатӣ, миллӣ ва тамаддунӣ бо номи худ ва ба таври ошкоро ҳимоя мекунанд, бақия ё бетараф, ё бетафовут, ё фурсатталаб ё ғофил ва ё ҳатто мухолифи ин арзишҳоянд…»

ОҒОЗИ 2:

Мо чӣ қадар зиёӣ дорем? “Рисолати касбӣ” ва “рисолати миллӣ”-и имрӯзи аҳли зиё чист? Муносибати зиёӣ бо таҳдидҳои арзишию усулӣ бояд чӣ гуна бошад? Пирўзиҳои толибон дар он сўи марзҳо ба зиёиёни тоҷик чӣ паёмҳо доранд? Зиёиёни тоҷик дар рўзи буҳрон ба куҷо хоҳанд гурехт? Силсилаи пурсишҳое, ки дар шарҳи ғафлат, рисолат ва ҷойгоҳи зиёии тоҷик дар рўёрўи таҳдидҳои навин баррасӣ шудаанд.

***

1.ЗИЁИЁНИ МО КИСТАНД?

Дар бораи мафҳумҳои зиёиву рўшанфикр ва чӣ будани моҳияту рисолати ин қишр ҳанўз дар солҳои 2000-ум, ки ин баҳсҳо басе густарда буданд, банда силсилаи мақолаҳои бузургҳаҷме доштам, ки дар расонаҳои миллӣ, хоса дар нашрияҳои «Миллат» ва «Нигоҳ» ба чоп расида буданд. Аммо агар ба таври хулоса ба шарҳи мафҳуми «зиёӣ» бозгардем, дар фазои илмиву фикриву идориву иттилоотии мо он, пеш аз ҳама ба се маънӣ фаҳмида мешавад:

Маънии якум:

Ҳамаи шахсоне, ки ба фаъолияти илмӣ, тадқиқотӣ, эҷодӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, ҳунарӣ, иттилоотӣ, таблиғотӣ ва ё хидматрасонию идоракунии ин соҳаҳо машғул мебошанд. Ин фаҳмиши мафҳуми «зиёӣ» хусусан дар дастгоҳи идориву сиёсии мо роиҷ аст ва ин фапҳмишро дар таркиби иштирокчиёни мулоқотҳои солона бо зиёиён ва ё чорабиниҳои расмии давлатӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Маънии дуюм:

Шахсиятҳои соҳиби маърифати баланду ҷаҳонбинии васеъ, ки новобаста аз шуѓлу ихтисоси худ аз моҳияти равандҳои ҷомеа, таъриху арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу арзишҳои бунёдии башарӣ, манфиатҳои бунёдии давлату миллат, салоҳу маслиҳати мардум ва ғайра огоҳии хуб доранд. Илова бар ин, новобаста аз шуғлу ихтисосашон, муносибати онҳо бо ин донишу арзишҳо дар шакли риоят, хидмат, таҳким ё ҳимояти онҳо зоҳир мегардад.

Ин таърифи арзишӣ ва амалгароёна асосан на касбу машғулияти шахс, балки сатҳи маърифати шахсию умумӣ ва муносибати амалии ў бо арзишу донишҳоро меъёр қарор медиҳад.

Маънии сеюм:

Шахсиятҳои ҳар сатҳу самти фаъолият, ки дорои мавқеи таъкидию танқидӣ дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳо (соҳавӣ, миллӣ ё умумибашарӣ) буда, барои ҳимояи онҳо дар баробари низомҳои сиёсӣ ва гурўҳҳои қудратӣ нақду эътирозу муқовимати ошкор мекунанд.

Ин таърифи шўришӣ ва сиёсию иттилоотӣ асосан на сатҳи маърифату дарки воқеии шахс дар бораи равандҳо ва арзишҳо ва на моҳияти мавқеи ў, балки маҳзи низомнапазирӣ ва эътирозу ҷасорати ўро меъёри асосии зиёӣ будан қарор медиҳад.

Ин се навъи фаҳмиш, ки дар муҳити фикрию сиёсию иттилоотии мо ҳамзамон дида мешаванд, ҳар яке доираи фарогириву инкори худро дорад, ки мувофиқи фаҳмишу салиқа ё мақсади гўянда корбурд доранд.

Албатта, банда дар навиштаҳои худ зери мафҳуми «зиёӣ» бештар фаҳмиши наздик ба маънии дуюмро ба кор мебарам ва сабаби ин хулоса дар он аст, ки солҳои зиёдеро ҳам дар сафи зиёиёни «шўришӣ» ва ҳам дар муҳити зиёиёни «маъмурӣ» сипарӣ карда, хулосаи устувори худро дорам, ки бо қарор гирифтан дар ин ё он нақш, шахс ҳаргиз зиёӣ намешавад. Агар меъёр чунин мебуд, имрўз ҳамаи ҳудуди 300 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои илму маорифу фарҳанг ё ҳазорҳо интиқодгару шўришии шабакаҳои иҷтимоӣ рўшанфикру зиёӣ мебуданд.

Балки, меъёри бунёдии зиёӣ будани инсон маҳз ҳамон соҳиби маърифати баланду ҷаҳонбинии васеъ будан ва новобаста аз шуғлу ихтисоси худ огоҳ будан аз моҳияти равандҳои ҷомеа, таъриху арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу арзишҳои бунёдии башарӣ, манфиатҳои бунёдии давлату миллат, салоҳу маслиҳати мардум ва ѓайра мебошад. Ва муҳимтар аз ин, муносибати ў бо ин донишу арзишҳо, ки бояд дар шакли риоят, хидмат, таҳким ё ҳимоят зоҳир гардад.

!!! Аммо бинобар зарурати корию ҷамъиятӣ, дар ин навишта мафҳуми зиёӣ асосан ба маънои аввал ё қишрию соҳавӣ истифода шудааст.

2.МОҲИЯТИ ТАҲДИДҲОИ АРЗИШИИ МУОСИР ДАР ЧИСТ?

Комёбиҳои гурўҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон ва аввалин қадамҳои татбиқи низоми толибонӣ дар минтақаҳои суқутёфтаи ин кишвар бори дигар манзараи як рўёрўии амиқи арзишӣ, идеологӣ ва тамаддуниеро ба намоиш гузошт, ки даҳсолаҳои тўлонӣ дар ин минтақа ҷараён дорад. Гарчи ин таҳдиду хатар барои минтақа ва, аз ҷумла барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳаргиз аз байн нарафта буд, аммо бинобар муддате нуҳуфтаву дур буданаш барои аксари ҷомеаи мо бештар ба як ривояту иттилоот табдил гашта буд. Ҷомеаи мо  одат карда буд, ки экстремизму терроризм, ҷаҳлу таассуб, маҳви арзишҳои милливу башарӣ, дору дурраву сангсор ва ѓайра дар кадом ҷойҳои дуре чун Ироқу Сурияву Сомалӣ рух медиҳанд.

Аммо инак то  чандметрии марзҳои мо расидани ин тўфону таҳдид масъалаи рўёрўии арзишию идеологию тамаддунӣ ва рисолати зиёиён дар ин набарди сарнавиштсозро бори дигар ҳассосу зиндаву муҳим намуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, масъалаи муҳимму усулие, ки дар шароити имрўза назди ҳар як нафар аз аҳли фарҳангу зиёи тоҷик қарор гирифтааст, чигунагии муносибати онҳо бо равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ, давлат, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, арзишҳои тамаддунӣ, равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ғайра мебошад.

Хушбахтона, имрўз дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳануз ҷорист ва аҳли илму фарҳангу зиё ба фаъолияти осудаи касбии худ машѓуланд. Аммо омўзиши вазъ нишон медиҳад, ки ин осудагӣ ва рўзгоргароӣ то ҷое боиси фосилаи зеҳнии ин қишр аз равандҳои ҷамъиятию сиёсии дохиливу минтақавӣ, кунд шудани ҳушёрии арзишию сиёсӣ ва гоҳо боиси ѓофил мондани онҳо аз нақшу рисолати миллию ҷамъиятии худ дар ин равандҳо низ гардидааст. Бинобар ин, бисёр зарур аст, то ба моҳияти таҳдидҳои нав ва зарурати рўй овардани аҳли зиёи тоҷик ба рисолати худ ишорат шавад.

Дар умум, ҳоло мо ҳамчун давлат, миллат, инсон ва ҷомеа аз назари фикрию арзишӣ дар фазои сиёсию иттилоотӣ бо се навъ таҳдиди ҷиддӣ рўбарў ҳастем:

1.Таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ ба манфиатҳои миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва суботу амнияти кишвар, ки аз сўи доираҳои сиёсию амниятии минатқавӣ ва байналмилалӣ бевосита ва ё ба воситаи гурўҳу ташкилоту шахсиятҳои гуногун дар фазои сиёсӣ ва фикриву иттилоотии мо пеш бурда мешаванд.

2.Таҳдидҳои фикрию амниятию идеологӣ ба арзишҳои умумии дунявию демократӣ, зиндагии озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ, ки дар натиҷаи фаъолшавии доираҳои иртиҷоӣ ва тафаккуру гурўҳҳои ифротиву террористӣ ҳамчун замина ва барандаи хушунатагароиву ҳаросафкании муосир дар минтақа пеш омадаанд.

3.Таҳдидҳои арзишию тамаддунӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, ба таърих, давлатдорӣ, забон, фарҳанг, адабиёт, ҳунар, арзишу анъанаҳо, номҳо, шахсиятҳои таърихиву маънавӣ, боварҳо ва ѓайра, ки дар пайи фаъолшавии насли нави ифротгароии зиддимиллӣ шакл гирифтаанд.

!!! Нуктаи муҳимтарине, ки имрўз бояд аҳли зиёи мо дар ин самт дарк намоянд,  ин аст, ки ҳоло моҳият ва манзараи мубориза ва рўёрўӣ комилан таѓйир ёфта, таҳдидҳои зикршуда дигар фақат бар зидди “гурўҳи ҳоким”, роҳбарият, ниҳодҳои давлатӣ ё ҳукумати Тоҷикистон равона нашудаанд, балки онҳо ба худи арзишҳои миллию дунявӣ, фарҳангу тамаддуни миллӣ, сохти давлатдории кишвар, тарзи озоди ҳаёти шаҳрвандон, манфиату озодиҳои инсонии тамоми мардум, шахсияту моликияти шахсии аҳолӣ, ҳаёти инсонҳо ва дар ниҳоят, ба худи мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии мустақил таҳдиди ҳаётӣ мебошанд.

Яъне, имрўз, дар раванди мубориза бо таҳдидҳои зикршуда, хоса бо мавҷи нави ифротгароии хашини зиддитамаддунӣ, мо дигар бо манзараи классикии ихтилофи “ҳукумат ва мухолифин”, “баҳси тарафҳои сиёсӣ” ё “муборизаи қувваҳои сиёсӣ барои қудрат” рўбарў нестем. Балки таркиби нави шаклгирифтаи муборизаҳои сиёсӣ дар асл рўёрўии арзишҳо, андешаҳо, ҷаҳонбиниҳо ва манфиатҳои усулист, ки натиҷаи он сарнавишти давлату миллат ва дурнамои арзишҳои милливу башарии моро муайян мекунад.

Ин ҳолате нест, ки дар натиҷаи чунин муборизаҳо танҳо ҳукумат иваз шаваду баъд аз он ҳам “зиёиён” чун пешина ба зиндагиву фаъолияти ороми худ идома диҳад, балки ин таҳдидест, ки тамоми низоми арзишҳои давлатию хусусӣ ва тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии ҷамеаро бо хатар рўбарў намудааст. Тафовуту таѓйире, ки пеш аз ҳама худи зиёӣ, маҷмуаи арзишҳо ва тарзи зиндагии озоди ўро зери савол ва хатар мегузорад…

Дар чунин ҳолат рисолати зиёӣ чист? Оё ў метавонад аз чунин  муборизаи усулиии арзишҳо ва аз чунин набарди барои давлату миллаташ сарнавиштсоз дар канор бошад?

Агар дар равандҳои маъмули сиёсӣ низоъ байни гурўҳҳои сиёсӣ барои касби қудрат ва ислоҳи вазъият шакл гирифта бошад, зиёӣ мувофиқи хулосаи худ метавонад ба баҳсҳои сиёсию қудратталабии байни гурўҳҳо ҳамроҳ нашавад ва дар ин мубориза аз гурўҳи мушаххасе ҷонибдорӣ накунад. Аммо замоне, ки сухан аз манфиатҳои миллӣ ё рўёрўии усулии арзишҳо ва ҷаҳонбиниҳо меравад, ҳеҷ зиёии асил наметавонад берун аз он қарор доштаву мавқеи бетарафӣ гирад. Яъне зиёӣ метавонад нисбат ба баҳси ду гурўҳи қудратӣ ё ду ҳизби сиёсӣ дар дохили низоми сиёсию арзишии кишвар “бетараф” бошад, аммо нисбат ба таҳдидҳо ба манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои усулӣ бетараф будани зиёӣ имконнопазир ва тасаввурнашаванда аст. Зеро зиёӣ будани зиёӣ маҳз дар ҳамин лаҳза ва ҳамин масъала мушаххас мегардад. Маҳз дар ҳамин лаҳза аз сўи зиёиён метавонад огоҳона ё ноогоҳона хиёнати арзишӣ сурат гирад. Сипас таърих ва таърихнависон метавонанд онро хиёнати сиёсӣ ё миллӣ унвон диҳад. Ҳамон гуна, ки имрўз дар шабакаҳо аз Фитрату ҳамсафонаш бо чунин унвонҳо ёдоварӣ мешавад…

Барои мисоли боз ҳам дақиқтар, агар мо хатари тафаккури ифротгароиро барои Тоҷикистон дар намунаи таҳдиди гурўҳҳои доишию толибӣ ё нусхаҳои тоҷикии онҳо дар назар гирем, зиёии асил бояд рўшан дарк намояд, ки ин таҳдид дигар танҳо таҳдиде барои гурўҳи ҳоким ва ё ҳукумати кишвар нест. Балки он ҳамзамон ҳар се навъи таҳдиди дар боло зикршударо дар худ дорад:

-ҳамчун як гурўҳи ифротии иртиҷоӣ таҳдиди фикрию идеологӣ буда, барои тамоми ҳуқуқу озодиҳои муосири дунявию демократию башарии мо хатар дорад;

-ҳамчун як гурўҳи тундравӣ мазҳабӣ ва зиддимиллӣ таҳдиди арзишию тамаддунӣ буда, ба тамоми фарҳангу арзишҳои миллии мо хатар меофарад;

-ҳамчун як нерўи вобаста ба доираҳои хориҷӣ таҳдиди сиёсию геополитикӣ буда, ба давлатдорӣ, истиқлолият, амният ва манфиатҳои миллии мо хатар дорад.

Яъне, дар муборизаи имрўза дигар сухан аз гуногунфикрӣ ё баҳси миёни ду ё чанд гурўҳи сиёсӣ нест, ки зиёӣ дар он изҳорои бетарафӣ намуда, аз мавқеъгирии мушаххас худдорӣ кунад. Ин ҷо баҳси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва наҷоти арзишҳои милливу инсонист, ки рисолати асосии зиёӣ маҳз дар ҳамин аст. Ба ибораҳои ошнотари рамзӣ, ин набард ҳамон рўёрўии нур бо зулмат ва тамаддун бо ҷаҳолат аст. Аз ин рў, дар он сукуту бетарафии зиёиро агар хиёнати миллӣ нагўем, ҳадди аққалл хиёнати арзишӣ ва касбӣ гуфтан дуруст мебуд.

Дар намунаи боз ҳам рўшантар, ҳатто бо чашми оддӣ метавон дид, ки пирўзии гурўҳи “Толибон” бар аксари минатқаҳои Афѓонистон танҳо пирўзии як гурўҳи сиёсӣ бар гурўҳи дигари сиёсӣ ва “таѓйири ҳукумат” нест, балки он таѓийри бунёдии ҷойгоҳи арзишҳои миллию динӣ, таѓйири усулҳо, меъёрҳо, идеология, тарзи зиндагӣ, доираи озодиҳо, сохти давлатдорӣ, тавозуни минтақавӣ ва байналмилалиро бо худ меорад. Ин аст, ки тамоми он сиёсиёну низомиён, қавмгароёну миллигароён, ҷумҳурихоҳону федаралистон, зиёиёну рўшанфикрон, журналистону таҳлилгарон, ҷомеаи маданию ташкилотҳои ҳуқуқибашарӣ, феминистону либералистон ва ѓайраву ѓайра, ки солҳои дароз ба ҷои ваҳдату давлатсозӣ машѓули муборизаҳои беамон дар муқобили ҳамдигар буданд ва аз озодии ҳамдигаркўбӣ лаззат мебурданд, акнун ҷонҳо бар каф ниҳодаву дар як саф, дар як корвон, дар як мошину дар як ҳавопаймо пеш-пеши даҳшати толибон мегурезанд. Ва агар аз ин тўфони ҷаҳолату марг чунин гурезе насибашон ё насиби зану фарзандашон шавад, худро хушбахту наҷотёфта меҳисобанд… ва бо ваҷд ба ҳамдигар мусоҳиба медиҳанд…

Ва бурди зиёиёну сиёсиёни кишвари мо низ маҳз дар ҳамин хоҳад буд, ки айни ҳамин хатари ошкор ва ҳамин лаҳзаи қиёматгунаро, ки аз сўи толибони ояндаи тоҷик ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад, пеш аз фарорасии он дарк намоянд ва дар атрофи арзишҳои усулии миллию сиёсию давлатӣ муттаҳид шаванд; аз ҷабҳаҳою охурҳои кучаки манфиатии худ сар бардошта, барои дифои ин арзишҳои усулии миллию давлатию тамаддунӣ, барои дифои сохти давлатдории миллию дунявӣ ва зиндагии озоду инсонии худ шахсан бархоста ва саҳм гузошта бошанд. Вагарна, худ аввалин қурбониёни ин мавҷи ҷаҳолати доишию толибии тоҷикӣ хоҳанд буд, ки имрўз дар фазои иттилоотӣ ва фардо бар муҳити ҷамъиятӣ бартарӣ хоҳад ёфт.

3.РИСОЛАТИ КАСБӣ ВА РИСОЛАТИ МИЛЛИИ ЗИЁИЁН ЧИСТ?

Барои шарҳи дақиқтари мавқеъ ва рисолати зиёиён дар таносуби мураккаби давлатмеҳварӣ ва рўшанфикрӣ, ду мафҳуми зоҳиран маъмулро дар шакли истилоҳӣ ба миён мегузорем, ки аввалӣ «рисолати касбӣ” ва дуввуми «рисолати миллӣ» мебошад.

“Рисолати касбӣ”-и ҳар зиёӣ ба ҳадди камол расонидани донишу малакаи ихтисосии худ, қафо намондан аз рушди соҳаи хеш, талош барои комёбии касбӣ ва анҷоми самимонаи вазифаи хидматии соҳавии худ аст, ки фаъолияти меҳнатии ў ба он равона шудааст. Ҳар корманди соҳавӣ ва зиёие, ки кори худро дар соҳа ва қитъаи худ ба дурустӣ анҷом медиҳад, рисолати касбии худро дуруст ба ҷой овардааст. Ҳар олим, ҳар муаллим, ҳар адиб, ҳар журналист, ҳар ҳунарманди хуб.

Аммо “рисолати миллӣ”-и ҳар як аҳли илму фарҳангу зиё эҳсоси масъулият дар баробари равандҳои сарнавиштсози ҷомеа, ҳифзу нигаҳдории фарҳангу арзишҳои миллӣ ва башарӣ, ҳуқуқу озодиҳои мардум, суботу ваҳдати ҷомеа, ҳифзу нигаҳдории манфиатҳои миллӣ ва ҳифзу нигаҳдории худи миллат ва давлати миллиро дар бар мегирад.

Албатта, худи иҷрои дурусти рисолати касбӣ пояи муҳиммтарини  рисолати миллист, зеро фаъолияти касбии ҳар зиёӣ саҳми муҳимми ў дар таъмини беҳзистии мардум, таъмини ваҳдату субот ва рушду нигоҳдошти миллату давлат мебошад. Вале тафовути асосии зиёӣ аз як корманди сирфан фанниву иҷроӣ дар он аст, ки ҳеҷ олиму зиёии воқеӣ ва асил бе дарку иҷрои рисолати миллӣ тасаввур намешавад.

Аммо таҳлили вазъият ва мавқеъгириҳои ошкори намояндагони қишри зиёии мо нишон медиҳад, ки имрўз дарки чунин рисолати миллӣ дар муҳити онҳо хеле заиф аст. Ба ҳисоби таҳлилӣ, бо вуҷуди чунин вазъияти ҳассос танҳо худуди 1 то 2% аз аҳли илму таҳқиқу маорифу фарҳангу расонаву эҷод, яъне зиёиёни кишвар, моҳияти таҳдидҳои арзишию идеологию иттилоотии имрўзаро дарк намуда, дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дар ҳимояи манфиатҳову арзишҳои миллӣ ва умуман, дар масъалаҳои милливу ҷамъиятӣ ба таври возеҳ баён медоранд.

Барои бовар ба ин ҳақиқат бори дигар метавон ёдовар шуд, ки ба андозагирии маъмуриву соҳавӣ, имрўз мо дар ҷамъ ҳудуди 300 ҳазор нафар “зиёӣ” дорем, ки дар соҳаҳои гуногуни илму маорифу сиёсату фарҳангу ҳунару эҷод фаъолият доранд. Аз ин миён дар кишвар беш аз 5000 нафар олимони соҳиби унвонҳои расмии илмӣ фаъолият доранд, ки ҳудуди 1000 нафари онҳо дорои дараҷаи олии доктори илм ва бақия дорои дараҷаи номзади илм мебошанд. Шояд боварии ин низ душвор бошад, ки мо наздики 100 нафар академик ва беш аз 700 нафар профессор низ дорем…

Агар фақат соҳаи илмҳои ҷамъиятиро, ки ба мавзўи мо наздик аст, мисол гирем, боз ҳам дар ин самт беш аз 200 нафар олими унвондори соҳаи фалсафа, ҳудуди 100 нафар олими унвондори соҳаи сиёсатшиносӣ, ҳудуди 300 нафар олими унвондори соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳудуди 300 нафар олими унвондори соҳаи таърих, яъне ҷамъан ҳудуди 1000 нафар олимони унвондори соҳаҳои фанҳои сиёсию ҷамъиятӣ дорем, ки дарку шарҳу таҳкиму ҳимояи манфиатҳо, сохтори давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ соҳаи бевоситаи фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Олимону пажўҳишгарони соҳаҳои забону адабиёту фарҳангу маърифат бошанд, дар якҷоягӣ гурўҳи боз ҳам калонтареро ташкил медиҳанд. Иттифоқҳои касбии нависандагон, журналистон, филмсозон, оҳангсозон, рассомон ва ѓайра дар сафҳои худ боз садҳо нафар зиёии дигарро ҷамъ овардаанд. Адади муаллимон ва кормандони соҳаи маориф бошад, дар умум беш аз 120 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Таркиби лашкари ҳудудан 300 000 нафарии “зиёиён”-и тоҷик имрўз чунин аст.

Аммо маҷмуаи маҳсулоти фикрӣ, яъне таҳлилҳо, мақолаҳо, ёддоштҳо, шарҳҳо, мавқеъгириҳо, роҳнамоиҳо, мусоҳибаҳо, муқоисаҳо, вокунишҳо, маводи арзишсозу ташвиқотӣ, маводи савтию тасвирӣ ва ѓайра, ки “аҳли зиё” маҷмуан дар ҳимояти арзишҳои миллӣ, сохти давлатдорӣ, арзишҳои дунявию демократӣ, шарҳу дарку таҳкими манфиатҳои миллию давлатӣ, ташаккули ҳушёрии сиёсии ҷомеа, мубориза бо таҳдидҳои зикршуда ва ѓайра бо ному унвони худ дар муҳити фикриву сиёсӣ ва фазои иттилоотӣ мегузоранд, ҳатто ба 1%-и зарфияти ин қишр баробар нест. Зеро аксари ин “зиёиён” дар вазъияти ѓафлати сиёсӣ, бетарафии арзишӣ ва ё дар ҳолати тарсу фурсатталабӣ қарор доранд.

Ин манзараи ғафлату бетафовутии “аҳли зиё” гоҳо ба ҳадде мудҳишу асафбор аст, ки дар ҳоле, ки чанд шахсу ниҳоду доираҳои огоҳ бо тамоми талош банди ҳимояи суботу низому давлату арзишҳо ва радди таҳдидҳои сиёсию идеологиянд, ҳалқа-ҳалқа номзаду доктору профессорҳое низ дорем, ки саргарми тиҷорати рисолаву унвону зиёфати санҷишу имтиҳон ва савдои китобу илманд. Ва бо арзёбии осори фикрию мавқеи иҷтимоии онҳо метавон гуфт, ки миёни онон на таҳлили зинда ҳасту на ҳушёрии сиёсию на дарки рисолати миллӣ. Инон ҳатто мухолифи низоми имрўзи сиёсӣ ҳам нестанд, ки он ҳам ақаллан як мавқеи огоҳонаи шаҳрвандӣ мебуд. Балки мушкили асосии ин «устодони фасод» маҳз ѓафлат ва бетафовутист ва авлавияти аввали онҳо маҳз ҳифзу идомаи бехалалии ҳамон муҳити хурдафасоди худ аст.

Дар натиҷаи ин хомўшиву бетафовутии арзишию идеологию сиёсии зиёиён, фазои итилоотию маҷозии тоҷикиро барномаву гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ пур кардаву оммаи муҳоҷиру қишрҳои осебпазир аз ночорӣ ба бинандагони муфти онҳо табдил гаштаанд. Аммо, ба масал, агар бист дарсади ин артиши олиму устоду зиёиву эҷодиву фарҳангию донишгоҳӣ дар фазои фикриву маҷозию иттилоотӣ дар сатҳи шаклию технологии муосир маводу навору таҳлилу андешаи рўшангару созандаву ватандорона, яъне «контенти мусбат» меофарид, таблиѓоти манфии беруна бар зидди давлату ҳукумат, суботу амният ва арзишҳои миллию дунявӣ дар баробари он чун қатрае дар баҳр маҳв мешуд. Дар ин кор ҳеҷ зарур нест, ки ҳамагон машѓули мубориза бо касе ё гурўҳе бошанд, балки кофист, ки дар ҳимояи ватану давлату суботу арзишҳо ва дар дифои манфиатҳои миллӣ бетафовут набошанду дар ҳифзу таҳкими он дар фазои иттилоотӣ бевосита мавқеъ гиранд ва саҳм гузоранд ва мардумро дар ин самт рўшану ҳидоят созанд…

Зеро равандҳое, ки дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон, Белорус, Қирѓизистон ва ѓайра идома доранд, нишон медиҳанд, ки саривақт дарк нашудани моҳияти ин таҳдидҳо, саҳл гирифтани мубориза бо онҳо, бетарафии аҳли илму зиё ва халал ёфтани амнияти миллӣ барои ҳамаи ҷомеа оқибатҳои мудҳиш дорад. Ва чунон ки гуфта шуд, маҳз ин аҳли зиёи хуфтаву бетафовут аввалин касоне хоҳанд буд, ки бегумон қурбонии рушди ифротгароӣ хоҳанд шуд… Чуноне, ки ҳоло толибон бо аҳли зиёву ҷомеаи шаҳрвандии Афѓонистон мекунанд…

Бинобар ин, дидгоҳи давлатмеҳвар ба мавзўъ чунин менигарад, ки ватандорию ватандўстӣ ва дарку иҷрои рисолати миллӣ танҳо як касб, машғулияти корӣ ё соҳаи тадқиқоти илмию эҷодӣ набуда, балки як ҳисси ботинӣ ва як арзиши ҳаётист, ки бояд дар вуҷуди ҳар як зиёии воқеӣ кор кунад. Як зиёии огоҳу давлатмеҳвар хатар ба ҳастии ватану давлатро хатар ба худ, таҳдид ба арзишҳои миллиро таҳдид ба арзишҳои худ, таҳдид ба арзишҳои дунявию демократиро таҳдид ба тарзи ҳаёти худ, таҳқири миллатро таҳқири худ медонад. Манфиатҳои миллиро манфиати худ мешуморад, манфиати давлатиро манфиати шахсии худ меҳисобад. Зиёии асил дар ҳимояи арзишҳои миллию демократӣ, ҷаҳонбинии илмбунёд, зиндагии озодона ва манфиатҳои миллию давлатӣ ҳаргиз интизори даъвату дастури эҳтимолӣ наменишинад, балки худ моҳиятан пешсафи ин мубориза буда, худ ба нафъи ин арзишҳои усулӣ фазо ва сангар месозад.

Албатта бетафовутии зиёиён омилҳои мушаххасе низ дорад, ки метавнад  ба сатҳи салоҳияти касбию фикрии ин қишр, шароити иҷтимоии зиндагии онҳо, сатҳи шаффофияти идоракунии муҳити илмӣ, сатҳи татбиқи адолати ҷамъиятӣ ва ғайра марбут бошад. Дар ин миюн шояд яке аз баҳонаҳои бетафовутии бахше аз аҳли зиёи мо ба равандҳои зикршуда нигоҳи мусбат надоштани онҳо ба худи ҳукумати феълӣ, ё масъулини феълии ҳукуматӣ ё барномаю амалкарди онҳо низ бошад.

Аммо бояд гуфт, ки баҳси арзишу усулҳо, масъалаи рўёрўии ҷаҳонбиниҳо, муқовимат бо ҷаҳонбинии ифротӣ, ҳифзи арзишҳои миллию дунявӣ ва масъалаи ҳифзи истиқлолияту манфиатҳои миллӣ баҳсе болотар аз ҷонибдорӣ ё мухолифати мо бо ҳукумат ё вазорат ё масъулони он аст. Ва зиёии асил ҳаргиз ба хотири нигоҳи манфии худ ба ҳукумат ё норозигии худ аз масъулини ҳукуматӣ аз ин баҳси усулии миллӣ канор намеистад.

Бале, шояд ҳукумати имрўзаи мо ҳукумати комилу беҳтарин набошад, аммо бегумон, давлати имрўзаи мо барои мо давлати беҳтарин аст. Шояд барномаҳои ҳукумати имрўза барномаҳои комилу беҳтарин набошанд, аммо бегумон, арзишу усулҳои давлатдории имрўзаи мо арзишу усулҳои беҳтарин ва шоистаи ҳимоят ҳастанд. Шояд фаъолияти ҳукумати имрўза ё баъзе масъулони он барои касе аз мо писанд набошад, аммо бегумон, имрўз дар баробари мавҷи ифротгароии хушунатомез танҳо сипари мо ҳамин низоми маҷудаи сиёсист. Ва ниҳоят, шояд мавқеи сиёсии бахше аз зиёиён бо сиёсати ин ҳукумат ҳамгун набошад, ки он табиист, аммо ҳар зиёии асили миллӣ ва ҳар шаҳрванди огоҳ дар ҷабҳаи мубориза бо ифротгароии хушунатбори воридотӣ ва дар муқовимат бо таҳдидҳои иртиҷоии зиддимилливу зиддитамаддунии он бо ҳукумат дар як ҷабҳа қарор мегирад. Ҳатто агар сабабу ғояи ин мубориза барои ҳар касе дигар бошад, аммо дар умум, ин як масъалаи усулӣ ва фаротар аз баҳсу салиқаҳои сиёсист. Зеро таҳдиди толибонӣ барои ҳама ягона аст.

Аз ин рў, дар чунин вазъияти печидаи таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ ва арзишию тамаддунӣ, аҳли зиё бояд дар канори масъулияти касбии худ ба рисолати бузурги миллию давлатдории худ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошанд. Зеро имрўз агар зиёии мо моҳияти таҳдидҳои замони навро дарк накунад ва дар ин вазъияти мураккаб давлати миллӣ ва ҳукумати худиро танҳо гузорад ва агар ифротгароӣ пирўз ояду низоми арзишҳо бишканаду давлати миллӣ осеб бинад, ҳамаи мо дар назди таърих ва миллат масъул хоҳем буд. Ин масъала дигар ҷойи баҳс надорад.

4.ХУЛОСАДАЪВАТ

Аммо имрўз ҷанбаи фаврию амалии мавзуъ дар он аст, ки дар вазъияти таҳдидҳои воқеии зикршуда ғафлату бетафовутӣ ё тарсу фурсатталабии ин лашкари бузурги «зиёӣ» худ як фоҷеаи миллӣ буда, ҳам барои миллат ва ҳам барои худи ин қишр оқибатҳои бисёр ногувор дорад. Чун аксари ин қишр ба қавлу қасаму ҳушдор бештар аз мантиқу далелу таҳлил бовар доранд, бо тамоми ҳастии худ савганд мехўрам, ки агар ин ғафлату бетафовутӣ ҳамчунон идома ёбад, агар ин суботи пойдору ин давлти милливу ин низоми дунявии давлатдорӣ осеб бинад,  рўзе ин «аҳли зиё» поймоли тўдаҳои ҷоҳилу ифротӣ гашта, пешопеши лашкари ифротгароёни худӣ хоҳанд гурехт.

Ва набояд фирефта шуд, ки «Толибон» ваъда супурданд, ки ба ин сўи об намеоянд. Бале, шояд онҳо чун гурўҳ наоянд, аммо онҳо ва нусхаи тоҷикии оншо чун тафаакур ва чун идеология ва чун абзор хеле наздик омадаанд ва барои омадан талош хоҳанд кард. Ва ҳайф аст агар инро набинем, дар фазо, дар расона, дар муҳит.

Ва агар ғафлату бетафовутии «аҳли зиё» ҳамчунон идома ёбад, ин анбўҳи доишу толиби тоҷикӣ низ рўзе аз ин саҳифаю сомонаву шабакаву расонаҳои бешумори маҷозӣ, ки ҳоло ба таври ҳадафманд ҳомояву идора мешаванд, ба хиёбону маҳаллаҳои воқеӣ мерезад, ки дар он дигар барои мактабу донишу донишгоҳу илму андешаву зиё ва барои арзишҳои милливу озодиҳои демократӣ ва барои худи шумову шеваи зиндагии шумо ҷой ва ҷойгоҳе нахоҳад буд. Шояд ин муҳимтарин паёми комёбиҳои толибон барои зиёиёни бетафовуту хуфтаи мо бошад.

Ва он гоҳ барои фирору раҳоӣ низ кафолату замонати омме нест, чун он низ барои ҳамагон муяссар намегардад… Мисли ҷасадҳои овезону парешону хунфишони олимону шоирону ҳофизону журналистони  фаъолони кишвари ҳамсоя бар шаҳру хиёбонҳо. Яъне он гоҳ шумо хоҳед монду қозиву ҳукму низому дурраву сангсори толиби ифротии тоҷикӣ. Пас сухани охир ин аст, ки бояд лашкари чандсадҳазораи «аҳли зиё»-и мо бо ин бетафовутию ғафлати азим дар ҳаққи худ, дар ҳаққи арзишҳои миллию  тамаддунии худ ва дар ҳаққи давлату миллати худ хиёнат нафармояд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *