Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башарҶаҳонҶомеа

Додоҷони Атовулло: МУНОДО. Агар тамоми дунё толибро бипазирад ҳам, ман қабул надорам ё даҳ чаро?! (Дидгоҳ)

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик

  1. Толибон як ҳаракати даҳшатафкан ва бадахлоқ аст, ки на кам аз 100 000 касро куштааст. Таркондани мактабҳо, масҷидҳо, кӯдакистонҳо, сангсори бонувон.
  2. Толибон як тӯдаи паштуҳои миллатгароянд, ки миллату қавмҳои дигарро саркӯб мекунанд. Махсусан, ба тоҷикон нафрат доранд. Тамоми шаҳрҳое, ки Толибон забт карданд, ҳокимият пурра дар дасти паштун шуд. Аз раҳгузарҳо то Арк.
  3. Тоҷикони Афғонистон ҳам мисли ҳама тоҷикони дунёянд. Ҳеҷ ба ҳамдигар соз намегиранд. Оқибати ин ҳама носозгориҳост, ки ҳамаро бохтанд. Дар ин рӯзҳое, ки дар Панҷшер писари Масъуд  аз ҳаракати муқовимат мегӯяд, ду додари Масъуд – Зиё ва Аҳмад бо ҳамроҳии Юнуси Қонунӣ дар Исломободанд. Ҳеҷ шубҳае нест, ки онҳо аз хӯҷаини толибон лутфе, марҳамате интизоранд. Ҳамин Қонуниро соли 2001 дар Бонн дида будам. Аз номи ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ба конфронс омад ва ҳамаро таслим кард.
  1. Ҳама содалавҳон ба он боваранд, ки гӯё толибони пойлуч пирӯз шуданд ва бе як тир Кобулро гирифтанд. Аммо ин як намоишномаи амрикоӣ – покистонӣ буду халос. Ҳамон «договорняк». Дар ин намоишнома, жанраш ҳоло маълум нест, ки мазҳака аст ё фоҷиа, нақшҳои асосиро Залмай Халилзод, Ашраф Ғанӣ, сарони Толибон,  ки ҳама паштунанд, бозиданду мебозанд.
  1. Қартаи Афғонистон дар интихоботи Амрико тузи сурх буд. Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо ки ҳарифи ҳамешагиянд, ончунон ба бозӣ дода шуданд, ки бозӣ ба ин шармандагӣ анҷомид. Ин шармандагӣ бадтар аз шармандагии Қасри Сафед дар Ветнам гашт. Шайтонро раҳо карданд ва хато карданд!
  1. Шодии Пекин, Теҳрон, Маскав аз ҳамин хиҷолат ва ё шикасти  душманашон – Вашингтон аст. Аммо ин шодӣ дер тӯл нахоҳад кашид. Махсусан, барои Эрон ва Русия. Гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон буданд, ҳоло аз худ дарак хоҳанд дод. Аз дигар илмҳо бехабар бошанд ҳам, таркондану тарсонданро онон хуб медонанд. Ҳамин толибон набуданд, ки то дирӯз ҳазораҳоро мекуштанд, пайравони мазҳаби шиъаро кофар мехонданд! Ҳамин дирӯз баъди «пирӯзӣ» муҷассамаи Абдул Алӣ Мазорӣ – пешвои ҳазораҳоро дар Бомиён таркониданд.
  2. Амрико аз Афғонистон нарафтааст. Сода набошед. Вашингтон бо дасти Исломобод ҳамаро дар Кобул контрол мекунад. Бенифитсари «инқилоби шапушкҳо» Исломобод аст, на мардуми Афғонистон.
  1. Аз ҳама барчаспҳое, ки толибон истифода мебаранд, дилам беш аз ҳама ба калимаи муқаддаси ИСЛОМ месӯзад. Толибон як номи нанг ба ислому мусалмононанд. Рафтору кирдори онҳоро аз расонаҳо нишон медиҳанд ва ба масхараву мазоҳ мекашанд ва ба оламиён ишора мекунанд, ки «ҳамин аст мусалмонӣ», «ҳаминанд ин мусалмонҳо».
  2. Ба шиорҳои зебои толибон танҳо ҳамоне бовар мекунад, ки аслан аз сиёсат бӯе бар машомаш нарасидааст. Ба сад ҳазор доллар ё камтар садҳо ширкатҳое ҳастанд, ки ончунон маромномаву барнома менависанд, ки шағоли пӯстрехтаро  чун шери жаён мепиндорӣ!
  3. «Бародарии тоҷикӣ». Солҳост, ки тоҷикони Афғонистон ба Тоҷикистон, чун ба хонаи умед меомаданд. Аммо онҳоро дар ин хона ҳамеша азият медоданд. Аз милитсионеру корманди амният то як пешхизмату дуздбача. Ҳоло чӣ метавонем ба бародарони худ бикунем? Ба ҷуз дуо. Агар дуои мо мустаҷоб мешуд, худамон зиндагии шоистае медоштем! Худамон дар рӯди эҳтиёҷу ғуломиву оворагӣ ғарқем, боз дуои наҷоти соҳилбудагонро мекунем! Дар ёд бояд дошта бошем, ки хатари Толибон беш аз ҳама ва пеш аз ҳама ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Шодии пайравони кастумпӯшу галсткудори толибонро магар эҳсос накардаед?! Ва як “ва”. Тоҷикистон бояд хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон гардад, чун Исроил барои яҳудиҳо.

ПЕШ АЗ НУҚТА

Самолёти амрикоӣ бар ҳаво мехезад. Навҷавоне, ки аз тарси ҷону тарси толибон худро ба самолёт часпонда буд, бар замини сиёҳ мезанад. Дар навор мисли як нуқта.

Як нуқтае, ки ба хитоб бадал нагашт!

Як нуқтае, ки дунёро наҷунбонд!

Як нуқтае, ки дунёро наларзонд!

Ҳамин аст инсоният?

Ҳамин аст одамият?!

Ҳамин аст исломият?

Д. А.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *